Дар Маҷлиси Намояндагон нагуфтанд, ки чаро интихоб маҳз бар сари “гражданӣ” сурат гирифт. Дар ҳоле ки ба қавли баъзе аз забоншиносон калима ва истилоҳоти дигари “бегона” ҳанӯз дар ному дохили қонунҳои ҷумҳурӣ зиёданд.
“Конститутсияро бояд гуфт Қонуни асосӣ, ба ҷойи президент бояд гуфт кишвардор ё раисҷумҳур, ба ҷойи маҷлис ё парлумон бояд гуфт анҷуман. Забони мо худ байнулмилалӣ аст. Барои баёни мафҳумҳои кишвардорӣ ба андозаи кофӣ истилоҳ дорад”, - гуфт забонпажӯҳ Умед Ҷайҳонӣ.
Вай афзуд, дар баробари истилоҳоти қонунгузорӣ бояд тамоми рутбаҳои низомӣ ва номи ниҳодҳо низ тоҷикӣ шаванд. “Мо баробарҳои хубе барои инҳо пешниҳод карда будем. Ё бисёри истилоҳоте, ки сохтаҳои ҳамсоягон ҳастанд бояд ҷойи худро ба вожаҳои тоҷикӣ бидиҳанд. Маслан машваратчӣ ва ёрдамчӣ вожаҳои тоҷикӣ нестанд. Ба ҷойи онҳо бояд гуфт мушовир ё ройзан, ки дар “Шоҳнома” фаровон ба кор рафтааст ва ё ёвар,” -- пешниҳод мекунад Ҷайҳонӣ.
Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон соли 2018 гуфтанд, ки рутбаҳои ҳарбӣ "истилоҳҳои байналмилалӣ ҳастанд" ва набояд "Генерали артиш -- Артишсолор" ва ё "полковник -- сарҳанг" шавад. Дертар, дар соли 2021, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфт, зарурате ба тарҷумаи рутбаҳои низомӣ нест.
Дар Тоҷикистон солҳост мавзӯи ба кор бурдани донишвожаҳои миллӣ ба ҷойи истилоҳоти забонҳои бегона баҳс мешавад. Баъзе аз соҳибназарон бар инанд, ки бояд ҳатман ин кор сурат бигирад. Аммо бархе мардум ва гӯйишварони забон шиква низ мекунанд, ки истилоҳот бе огоҳӣ ва мувофиқа бо ниҳодҳо ва мутахассисони ҳирфаӣ сохта мешаванд, ки ҷомеа онҳоро хуш намепазирад.
Профессор Сайфиддин Назарзода, ки дар гузашта раиси Пажуҳишгоҳи забону адабиёт низ буд, мегӯяд, бояд ҳамкории порлумон бо коршинсон бештар бошад, ки чунин баҳсҳо ба миён наоянд.
“Имрӯз Кумитаи забону истилоҳот ба ин машғул аст. Ман узви ҳайати мушовараи ин ниҳод ҳастам ва аз тағйироте, ки сурат мегирад огоҳам. Агар Маҷлиси намояндагон дар ин мавзуъ бо мутахассисон ҳамкории бештаре дошта бошад, шояд мо истилоҳоти миллии забони худро дар асоси инмконоти дохилии худи забон бисозем, на аз вожаҳои иқтибосиву забонҳои дигар,” -- пешбинӣ мекунад Назарзода.
Дар Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои 60-уми асри гузашта Кумитаи истилоҳот таъсис дода шуда буд. Дар замони истиқлол ин кумита аввал вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон буд. Дертар ба ниҳоди давлатии хос – Кумитаи забону истилоҳоти вобастаи ҳукумати Тоҷикистон табдил шуд.
Аммо баҳси ҷойгузин кардани истилоҳот, риояи қоидаҳои имло, тарҷумаву тарҷумазадагӣ ва корбурди истилоҳоти миллӣ рӯз то рӯ доғтар мешаваду кам не.
Ҷӯра Шарифзода, корманди масъули Комиссияи олии аттестатсионӣ мегӯяд, “дар ибтидои истиқлол бисёре аз истилоҳот иваз шуда буданд, масалан, Прократура – Додситон, Суд –Додгоҳ ва Адвокат – Вакили мудофеъ, ки бисёр истилоҳоти маъмул буданд. Баъдан айбдоркунандаи давлатӣ гуфтанду чизҳои дигар, ки ҳама тарҷумаи таҳтуллафзӣ аз русӣ аст," - мегӯяд ӯ.
Тоҷикистон аз ҷумҳуриҳои нахустини Шӯравии пешин буд, ки қонунро дар бораи мақоми забони давлатӣ пазируфт. То кунун ҳукумат номи бисёре аз шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллаҳоро, ки мероси замони Шӯравӣ буд, тағйир дод, вале барои нигоҳ доштани калимаҳои бегона, бахусусӣ русӣ дар номи баъзе аз идораву вазоратҳо ва ҳуҷҷату қонунгузорӣ танқид мешавад. Маълум нест, порлумони Тоҷикистон дар бораи ислоҳи вожаҳову истилоҳоти дигар низ иқдом мекунад ё на.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ