Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро бори дигар барои хабарнигорон танқид карданд


​​​​​​​Як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои бештар аз дигарон ба зиндон андохтани хабарнигорон дар Осиёи Марказӣ танқид кардааст.

Гузориши Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон (CPJ) бо номи "Теъдоди рекордии рӯзноманигорони зиндонӣ" рӯзи 18-уми январ нашр шуд.

Ба ҳисоби ин созмони мустақар дар Амрико, то моҳи декабри соли 2023 дар ҷаҳон 321 журналистро зиндонӣ кардаанд.

Муҳаққиқон мегӯянд, Исроил пас аз ҳамлаи гурӯҳи тундрави "Ҳамос" дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 теъдоди зиёди журналистонро пушти панҷара андохт.

Эрон, Чин, Мянмар, Беларус, Русия ва Ветнам дар миёни давлатҳое ҳастанд, ки шумораи зиёди рӯзноманигоронро ҳабс кардаанд.

Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон дар гузориши нави худ дар бораи Тоҷикистон навишт: “Тоҷикистон бо ҳафт рӯзноманигори зиндонӣ ҳамоно дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дорад.”

Муаллифон нигоштанд, ҳангоми сафар ба Тоҷикистон дар поёни соли 2023 намояндаи CPJ дарёфт, ки ҳукмҳои сангин фазои тарсолуд ва худсонсуриро дар миёни журналистон эҷод карда. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Кумита, бе ин ҳам рӯзноманигорони тоҷик солҳои дароз зери фишор буданд.

Хабарнигорону блогерон Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хуршед Фозилов аз 7 то ба 7.5 сол, Хушом Ғулом – 8 сол, Далери Эмомалӣ – 10 сол ва Улфатхоним Мамадшоева – 20 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Ҳукми ҳамаи онҳо дар солҳои 2022 ва 2023 содир шудааст.

Мақомот онҳоро ба ҳамкорӣ бо “созмонҳои мамнуъ” ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор карданд. Худашон дар номаҳои ҷудогона ва дастҷамъӣ аз зиндон гуфтанд, ки ночор ва зери фишор иттиҳомро пазируфтанд, вагарна кори баде накарда буданд.

Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон дар гузорише рӯзи 4-уми январи имсол низ навишта буд, ки “матбуот пас аз ҷанги дохилии солҳои 90-ум дар Тоҷикистон бадтарин аҳволро дорад”. Чун, ба навиштаи созмон, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон худро ба “раҳбари мутлақе табдил додааст, ки ҳеч таҳаммули мухолифонро надорад”.

“Дар солҳои 2022 ва 2023 саркӯби матбуот дар Тоҷикистон сахттар шуд ва ин давра нуқтаи авҷи нафасгир кардани матбуот буд,” – хулоса кардааст созмон.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG