Маргаритис Схинас рӯзи 16-уми январ дар чорчӯби сафар ба Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омада, бо сарвазир Қоҳир Расулзода ва вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин гап зад.
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе дар эъломияе гуфт, ки ин сафар “имконияти муҳимро барои баррасии ҳамкориҳо фароҳам овард”.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар бораи назорати сарҳад бо Афғонистон, ки бештар аз ду сол боз гурӯҳи “Толибон” дар онҷо ҳоким аст, суҳбат кардаанд. Тафсилоти он дастрас нест.
Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро “шарики калидӣ дар Осиёи Марказӣ” дониста, тасмим гирифтааст, ки “ҳамкориҳоро дар бахши иқтисоди сабз ва рақамӣ, рушди инсонӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ идома диҳад”.
Ин мулоқот дар ҳоле гузаштааст, ки рӯзҳои 29 ва 30-юми январи имсол дар Брюссел Форуми сармоягузорони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.
Аз он пеш, рӯзи 17-уми январ, Порлумони Аврупо дар мавриди қатъномае дар бораи Осиёи Марказӣ ройгирӣ мекунад. Дар тарҳи қатънома, аз ҷумла аз беҷазо мондани онҳое, ки ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд изҳори нигаронӣ шудааст.
Иттиҳоди Аврупо чанд сол боз Тоҷикистонро барои риоя накардани ҳуқуқи одамон, бастани созмонҳои иҷтимоӣ, боздошту ҳабси фаъолони сиёсӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорону блогерон танқид мекунад.
Гуфтугӯ