Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони норозии тоҷикро дар Русия аз кор рондаанд


Даҳҳо муҳоҷири норозии тоҷик рӯзи 15-уми январ корпартоӣ карданд
Даҳҳо муҳоҷири норозии тоҷик рӯзи 15-уми январ корпартоӣ карданд

Масъулони корхонаи кимиёии "Химпэк" дар шаҳраки Шахтаи вилояти Ростови лаби Дон ҳудуди сад коргари норозии тоҷикро аз кор рондаанд.

Тақрибан сад муҳоҷир рӯзи 15-уми январ дар ин корхона ба нишони эътироз корпартоӣ карданд.

Онҳо гуфтанд, ки масъулони "Химпэк" музди корро боло набурда, дар охири сол рухсатипулӣ ҳам надоданд.

Яке аз муҳоҷирон рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз корпартоӣ онҳоро даъват карда, маоши ниммоҳаро доданду ҳамзамон аз кор ронданд.

"Чанд нафареро, ки дар навор дидед, ҷавоб доданд," – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ин муҳоҷир афзуд, ҳатто ба онҳо иҷоза надодаанд, ки шабро дар хобгоҳи корхона рӯз кунанд.

Намояндагони корхона масъаларо шарҳ надоданд.

Сафорати Тоҷикистон ба зангҳои батакрори Радиои Озодӣ посух надод.

Корхонаи "Химпэк" халтаҳои пластикӣ истеҳсол мекунад.

Видеои корпартоии муҳоҷирон дар инҷост:

Муҳоҷирони тоҷик дар Химпек коршиканӣ кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG