Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW Исроилро ба "ҷинояти ҷангӣ" муттаҳам кард


Ҷанги Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос" бештар аз се моҳ инҷониб идома дорад
Ҷанги Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос" бештар аз се моҳ инҷониб идома дорад

Созмони муътабари Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, Исроилро ба “ҷинояти ҷангӣ” муттаҳам кард.

Гузориши нави созмон рӯзи 11-уми январи имсол нашр шуд.

Дар он вазъи ҳуқуқи одамонро дар тақрибан 100 кишвари ҷаҳон дар як соли охир арзёбӣ кардаанд.

Исроил мегӯяд, ҷангҷӯёни "Ҳамос"* дар ҳамлае рӯзи 7-уми октябр 1200 нафар, аз ҷумла даҳҳо зану кӯдакро дар ин кишвар шиканҷа кардаву куштанд.

"Ҳамлаи ҷангҷӯёни "Ҳамос" ба Исроил ҳамлаи даҳшатбор болои мардуми осоишта буд... Бисёре аз кишварҳо зуд ва боасос ин амали ваҳшатборро маҳкум карданд," - гуфта шудааст дар гузориши Human Rights Watch.

Аммо муаллифон гуфтаанд, "ҳукумати Исроил бо қатъи обу нерӯи барқи 2,3 миллион ғайринизомӣ дар Навори Ғазза ва монеъ шудан ба даромадани ҳама, ба ҷуз миқдори ками хӯроку ёриҳои башардӯстона ва сӯзишворӣ, посух дод. Ин як навъ ҷазои дастҷамъӣ ва ҷинояти ҷангист."

"Артиши Исроил ба зиёда аз як миллион нафар дар Ғазза дастур дод, ки хонаҳои худро тарк кунанд ва минтақаҳои сераҳолиро бо силоҳҳои сангин зад. Дар натиҷа ҳазорон ғайринизомӣ кушта шуданд," – омадааст дар гузориш.

Аз ин пеш Африқои Ҷанубӣ дар шикояте ба Додгоҳи Байнулмилалии Гаага гуфт, Исроил дар Ғазза наслкушӣ мекунад. Намояндагони Исроил рӯзи 12-уми январ даъвои Африқои Ҷанубиро беасос дониста, гуфтанд, мардуми худро аз куштори дастҷамъӣ ҳифз мекунанд.

Ҷанги Исроил ва гурӯҳи тундрави “Ҳамос” беш аз се моҳ инҷониб дар Навори Ғазза идома дорад.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд

XS
SM
MD
LG