Вай ду ҳафта пеш, дар остонаи ҷашни Милоди Масеҳ ва дар пайванд ба тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар Калисои Кёлн, дастгир шуд.
Хабаргузории dpa ва нашрияи Bild-и Олмон бо такя ба ниҳодҳои интизомӣ рӯзи 7-уми январ навиштанд, ки Муҳаммадраҷаб Б. 30-сола аст ва "дар тарҳрезии ҳамла ба калисои ҷомеи Стефани Муқаддас дар Вена низ иштирок дошт".
Гуфта мешавад, ба ҷуз аз Муҳаммадраҷаб Б. боз як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон аз Нёрфенихи Олмон дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Номи ӯ нашр нашудааст.
Пулиси Олмон дар остонаи ҷашни Милоди Масеҳ ҳангоми кофтукоби манзиле дар Везел, 100-километрии Кёлн, панҷ касро боздошт кард.
Ҳамон рӯзҳо як нафари дигар дар Бохуми Олмон ба эҳтимоли тарҳрезии ҳамла дастгир шуда буд. Хабаргузории dpa гуфт, ӯ 41-сола ва соҳиби шаҳрвандии Туркияву Олмон аст.
Тибқи нақша дар ҳамла ба Калисои Кёлн мебоист аз мошине истифода мекарданд, ки ба гуфтаи пулиси Олмон соҳибони он “афроде аз Осиёи Марказӣ” буданд.
Мавқеи гумонбарон ва назари мақомоти Тоҷикистон ба қазия маълум нест.
То ин дам бо дастури Додгоҳи Олмон се нафар аз боздоштшудаҳо аз Тоҷикистон ва Узбекистон раҳо шудаанд.
Гуфтугӯ