Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Китобнавис зиёд шудааст, китобхон кам" ВИДЕО


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон панҷ китоберо барандаи имсолаи озмуни "Китоби сол" эълон кардааст, ки ба гуфтаи тоҷирон таваҷҷуҳи харидорон ба онҳо чандон зиёд нест. Инҳо "Меҳвари меҳр", "Барфи хунолуд", "Достони Нозкул", "Чароғи Раҳнамо" ва "Гавазн ва шикорчӣ" ҳастанд.

Раҳмоналӣ Мирализода, сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг, ҳадафро тарғиби аҳли қалам ба эҷод ва муаррифии китобҳои боарзиш барои ҷомеа донист. Ба назари ӯ, меъёрҳои интихоби "Китоби сол" аз сӯйи кумисюни босалоҳияте муайян мешавад.

Раҳмоналӣ Мирализода
Раҳмоналӣ Мирализода

“Ба эътибор гирифта мешавад, ки ин асар то чӣ андоза арзиши бадеӣ дорад. Ҳунари нависандагӣ ё шоирии муаллиф, мавзуъҳо ба эътибор гирифта мешавад. Дар маҷмуъ ҳамаи ҷанбаҳои бурду бохти китобҳо аз сӯйи ҳакамон арзёбӣ мегардад," -- афзуд ин масъули Вазорати фарҳанг.

Озмуни “Китоби сол” 11 сол боз баргузор мешавад.

Азизи Нақибзод, муассиси "Китобкада", мегӯяд, "бештари асарҳое, ки вазорат "Китоби сол" эълон кард на пурфурӯшанд ва на дар миёни ҷомеа ҳаводору маҳбубияте пайдо кардаанд".

Мушоҳидаи мо дар китобфурӯшиҳои Душанбе нишон дод, ки осори нависандагони дохилӣ хонандаи кам дошта, талабот бештар ба китобҳои адибони ҷаҳон аст ва он ҳам ба забони русӣ. Азизи Нақибзод мегӯяд, дар Тоҷикистон китобе, ки дар як сол 100-150 дона фурӯхта мешавад, “рекордӣ” ҳисобида мешавад.

Азиз Нақибзод
Азиз Нақибзод

"Дар фурӯшгоҳҳои мо, чун муштариёнамон тоҷикҳои русзабонанд, пурфурӯштаринҳо осори адабиёти ҷаҳон бо забони русӣ ва китобҳои равоншиносиву тиҷоратиянд. Аз китобҳои бадеӣ як соли охир романҳои “Ғурур ва таассуб”-и нависандаи англис Ҷейн Остин ва “Занони кӯчак”-и нависанди амрикоӣ Луиза Мэй Олкоттро зиёдтар фурӯхтем,” -- афзуд муассиси “Китобкада”.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Китобнавис зиёд шудааст, китобхон нест"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00

Баъзе аз соҳибназарон бар инанд, ки китоби пурфурӯшу пурхонандаи солро пойгоҳҳои махсусе таҳлилу арзёбӣ муайян кунанд. Далер Шариф, рӯзноманигор ва муҷрии барномаи “Китобхон” дар шабакаи Youtube, мегӯяд, вақте барномаеро дар бораи китобу китобхонӣ ташкил кард, гумон дошт, "мардуми китобхон зиёд дорем, аммо чунин набуд".

“Бубинед, ки китобҳо, аксаран бо тиражи 200-300 ё аз ҳама зиёд 500-1000 нусха нашр мешаванд, аммо ҳамин теъдоди кам ҳам солҳо харидор надоранд. Мо марказҳои таҳлилӣ ва пойгоҳҳое надорем, ки мизони фурӯш ва маҳбубияти китобҳоро ҳисоб кунаду радабандии пурфурӯштарину пурхонандаи солро эълон кунад," -- нигаронӣ мекунад Далер Шариф.

Неъматуллоҳ Маҳмадалиев, сокини 70-солаи шаҳри Душанберо ҳамроҳи наберааш дар дӯкони китобфурӯшӣ дидем. "Як сабаби омаданам ин аст, ки дар бораи гузаштагон китоб ҷустуҷӯ дорам. Кӯшиш дорам, ки дар бораи таърихи пешиниён хонам, донам ва ба фарзандон бифаҳмонам. Паҳлӯҳои норӯшани таърихи гузаштаҳои мо зиёд аст."

Ин марди бознишаста аз муҳтавои китобҳо дар солҳои охир чандон розӣ нест ва дар бароробари гаронии нархи китоб инро як сабаби кам шудани таваҷҷӯҳ медонад: "Ҳозир китобнавис зиёд шудаасту китобхон кам. Бародар ва ёру рафиқонро мепурсам, китоб намехонанд. Бештар дар бораи зиндагии худ менависанд, шарҳи ҳол. Албатта, ин ҳам даркор аст, лекин китобҳоеро хонем, ки аз он панд гирем, ибрат гирем, ҳикмат бошад."

Ин дар ҳолест, ки навиштани китоби шарҳиҳолӣ дар соли 2023 барои муаллифон бе дарди сар набуд.

Соҳибкор Абдухалил Холиқзода пас аз нашри асари ёддоштиаш “Ҳаводиси рӯзгори ман” боздошт ва ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ гумонбар шуд. Худаш қабл аз боздошт инро рад карда буд. Ҳамроҳи Холиқзода рӯзноманигор ва нависандаи шинохта Абдуқодири Рустам ва мудири чопхонаи “Эр-Граф” Суҳроб Раҷабзода ҳам дастгир шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG