Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Султонбибӣ Миргулова ва китоб. Ишқе ба дарозии як умр. ВИДЕО


Султонбибӣ Миргулова
Султонбибӣ Миргулова

Султонбибӣ Миргулова, як сокини ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлобро афроди дуру наздик чун як бонуи китобхон мешиносанд.

Бо ин ки 90 сол дораду дар деҳаи дурдасте зиндагӣ мекунад, имрӯз ҳам талош мекунад, ки китобу рӯзномаҳои навтаринро дастрас кунад. Баъзе китобҳоро агар хушаш омад, батакрор мехонад.

Ҳоло дилбастаи китоби “Пири фалаксароён”-и Ҷумъахонӣ Сайдалӣ шудааст. Китобе, ки аз паҳлӯҳои нокушодаи ҳаёти овозхони маъруф Одина Ҳошим қисса мекунад, момаи Султонбибиро гоҳо ба ёди ҷавониҳои худи ӯ мебарад.

Аслан ӯ зодаи ноҳияи Дарвоз аст ва дар хурдӣ ҳукумати Шӯравӣ хонаводаашро ба ноҳияи Москав - Ҳамадонии имрӯза кӯч додааст. Ҳоло ҳамроҳи яке аз писарҳояш дар деҳаи Файзобод зиндагӣ мекунад.

Дар мактаб, ба гуфтааш, то синфи чаҳор бо баҳои аъло хонд. Тахминан солҳои 1944, вақте ҳукумати шӯравӣ бо артиши нозии Олмон меҷангиду вазъ нобасомон буд, падар Султонбибиро ба шавҳар дод. Мегӯяд, ҳамагӣ 12 сол дошт. Бо ҳамин аз таҳсилу хондан монд. Мегӯяд: “Ман ҳамин синфи панҷро тамом кардаму чор моҳи синфи шашро хондам, ки ба шавҳар доданд. Пешқадами талабаҳои мактаб ман будам. Давраи ҷанг буд”.

Султонбибӣ Миргуловаи 90-сола - бонуи ошиқи китоб аз ноҳияи Ҳамадонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Баъди издивоҷ ба кори саҳро машғул шудааст, вале ишқи мутолеаро ҳеҷ гоҳ тарк накард ва талош мекард, рӯзномаву китобҳоро бо худ ба саҳро барад. “Шоҳнома”-и Фирдавсиро пурра азхуд кардаву соле пеш китоби “Таърихи Дарвоз”-ро хондааст.

Рубоиҳои бисёр медонад ва шеър ҳам мегӯяд. Ба гуфтааш, набераҳояш ҳам гоҳе муштоқи шунидани чанд порча шеър аз забони модаркалонашон аз шаҳрҳои дуру наздик занг мезананд:

Ӯ мегӯяд: "Набераам дар Масква гуфт, ки “як шеъррам бигӯ”. Инро гуфтам:

Эй дӯст муҳаббати сабурӣ дорӣ,

Ту тоқати ҳамчун сони дурӣ дорӣ.

Дилгир ҳастам, ба рафта дер омаданат,

Ин доғи ҷудоӣ аз зарурӣ дорӣ.

Гуфт: “Дар ҷони момаам бимирам!”

Бонуи китобхон дар зиндагӣ бо ҳамсараш, ки соли 1980 даргузашт, даҳ фарзанд ба дунё овард. Се фарзандаш даргузаштанд ва ҳафт фарзандро талош кард босаводу коргар тарбия кунад.

Вале одати китобхонӣ аввалин чизест, ки момаи Султонбибӣ ба ҳар як узви оилааш ёд додааст. Писараш Ҷумъахон Гадоев мегӯяд, ки одати хуб ба арӯсони хонавода ҳам “сироят” кардааст. Ӯ, ки бо модари китобхонаш ифтихор мекунад, гуфт: “Китобхонии ҳамин модарам буд, ки дар хонадон ҳамин анъана шуд. Ҳозир оилаам китоб мехонад, фарзандонам китоб мехонанд, келинҳо ҳам аллакай шурӯъ кардаанд.”

Кормандони ҷамоат ҳам мегӯянд, ки ҳафтае нест, ки аз китобхона ба ӯ китоб набаранд. Раҳим Наимов, котиби ҷамоати Даштигуло, ки деҳаи Файзобод як бахши он аст, мегӯяд: “Ман ҳамчун ҳамсинфи фарзандаш ва аз хурди ӯро дар ёд дорам, ки ӯ ба китобхонӣ машғул буд. Ҳоло ҳам ин анъанаро ӯ давом дода истодааст.”

Момаи Султонбибӣ мегӯяд, агар “мисли панҷ сол пеш қувваву тавоноӣ медошт”, дар озмуни шеърхонии “Фурӯғи субҳи доноӣ” ширкат мекард. Ин озмуни телевизионии шогирдони мактабҳои Тоҷикистонро пайваста тамошо мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG