Медали биринҷии Баҳодур Усмонов дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2023 дар навъҳои олимпӣ мебошад.
Инчунин соли гузашта боз ду муштзани тоҷик - Давлат Болтаев ва Миҷгона Самадова – натиҷаҳои хуб ба даст оварданд.
Дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Болтаев барандаи медали тилло ва Самадова соҳиби медали биринҷӣ гардида, дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда ба Олимпиадаи Париж-2024 роҳхат гирифтанд.
Варзишгарони тоҷик соли гузашта дар риштаи ҷудо низ дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ муваффақ шуданд.
Сомон Маҳмадбеков барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми осиёӣ, ғолиби “Tоскӯлоҳи бузург” дар Остонаи Қазоқистон ва Гран-прии Душанбе, Темур Раҳимов барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ, ҷоизадори нуқраи «Hungary Masters-2023” дар Будапешти Маҷористон, Беҳрӯзи Хоҷазода барандаи медали биринҷии Бозиҳои осиёӣ, ҷоизадори нуқраи «Hungary Masters-2023” ва Эмомалӣ Нуралӣ барандаи медали тиллои “Tоскӯлоҳи бузург” дар Тошканд гардиданд.
Вале варзишгарони тоҷик соли гузашта натавонистанд дар қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медалҳои тиллою нуқра ба даст биёранд.
Зимнан, пас аз пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар шаҳри Ҳётеборги Шведсия, 28 сол инҷониб касе аз Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.
Ҳамчунин баъди он ки гурзандоз Дилшод Назаров соли 2015 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекини Чин медали нуқра гирифт, варзишгарони тоҷик дар муддати ҳашт сол дар риштаҳои олимпӣ ба чунин натиҷа даст наёфтаанд.
Илова бар ин, ду соли ахир ягон намояндаи Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш ба гирифтани медали тиллои қаҳрамонии Осиё мушарраф нашудааст.
БУРДУ БОХТИ ВАРЗИШИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ 19-УМИ ОСИЁӢ
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Хангжоуи Чин.бо иштироки беш аз 10 ҳазор варзишгар баргузор шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар байни 45 кишвар дар ҷойи 24-ум ва аз ҷиҳати теъдоди умумии медалҳо дар ҷойи 25-ум қарор гирифт. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (22-18-31), Қазоқистон (10-22-48), Қирғизистон (4-2-9) ва пеш аз Туркманистон (1 нуқра ва 6 биринҷӣ) ҷойгир шуд. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо бошад, Тоҷикистон дар минтақа мақоми охиринро соҳиб гашт. Дар ин бозиҳо 106 варзишгари тоҷик дар 17 ришта ҳунарнамоӣ карда, дар се намуд – ҷудо (3), бокс (2) ва кураш (2) – медал ба даст оварданд. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба ҳафт варзишгаре, ки дар ин бозиҳо соҳиби медал шуданд, хона доданд. Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) ва Давлат Болтаев (бокс) барои медали тилло бо хонаи сеҳуҷраӣ сарфароз гаштанд. Темур Раҳимов (ҷудо), ки медали нуқра гирифт, соҳиби хонаи дуҳуҷраӣ гардид. Беҳрӯзи Хоҷазода (ҷудо), Миҷгона Самадова (бокс), Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров (ҳарду дар риштаи ҷудо) барои медали биринҷӣ бо хонаи якҳуҷраӣ қадрдонӣ шуданд. |
Инчунин ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ нишони тилло гирифтанд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, нишони нуқра 100 ҳазор сомонӣ ва ба соҳибони нишони биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
Бояд гуфт, дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар Бозиҳои осиёӣ ширкат варзида, ҳамагӣ 34 медал гирифтааст, ки 6-тоаш нишони тилло, 7-тоаш нуқра ва 21-тоаш биринҷӣ мебошад.
Се медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров, дутоашро муштзанҳо Ҷаҳон Қурбонов ва Давлат Болтаев, инчунин як медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо ба даст овардаанд.
ОЛИМПИАДАИ ПАРИЖ – БУЗУРГТАРИН МУСОБИҚОТИ СОЛИ 2024
Муҳимтарин чорабинии варзишии имсола - Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегардад.
Варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Париж-2024 то ҳоло ду роҳхат гирифтаанд, ки ба риштаи бокс марбут аст.
Инчунин онҳо дар риштаи ҷудо низ имкони дарёфти дасти кам панҷ роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро доранд.
Бархе аз варзишгарони тоҷик бошанд, дар Бозиҳои олимпӣ бо квота дар риштаҳои шиноварӣ ва варзиши сабук ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин варзишгарони тоҷик имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё дар риштаҳои гуногуни варзиш, мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ширкат меварзанд.
ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛИИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОМИ ОСИЁ
Имсол дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи футболи тоҷик дар Ҷоми Осиё иштирок мекунад.
Марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Қатар барпо мегардад. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13-уми январ), Қатар (17-уми январ) ва Лубнон (22-юми январ) рақобат хоҳад кард.
Дастаҳо тибқи қуръакашӣ ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ меёбанд.
СОҲАИ ВАРЗИШ БА СОХТОРИ АЛОҲИДА НИЁЗ ДОРАД
Коршиносони соҳа барои рушди минбаъдаи варзиш дар Тоҷикистон ва омодагии хуби варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж дар суҳбати «Мизи гирд»-и Радиои Озодӣ пешниҳодҳои мушаххас карданд.
Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тағйир дода, соҳаи варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият намояд, маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҳисоби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда, дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад.
Хуб мебуд, аз таҷрибаи бархе аз кишварҳои собиқи шӯравӣ, истифода карда, ба Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш президенти Тоҷикистон роҳбарӣ мекард.
Зимнан, ба ин Шӯро, ки соли 2011 таъсис ёфтааст, сарвазири ҷумҳурӣ роҳбарӣ менамуд, аммо солҳои ахир сарварии он ба зиммаи муовини сарвазир гузошта шудааст.
Гуфтугӯ