Мақомоти Хатлон рӯзи 4-уми январ дар эъломияе гуфтанд, ки чор хонаро ҳукумати вилоят, шаҳрдории Кӯлоб, масҷидҳо ва ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар “замини бекорхобидаи Бозори Сомониён” сохтанд.
Дар эъломия аз ширкати “Кафолат Воридоту Содирот”, ки мошини борбари он сабабгори садама шуд, ном нагирифтаанд. Маълум нест, ширкат барои сохтани хонаҳои осебдидагон чӣ ёрӣ кардааст.
Рӯзи 6-уми августи соли 2023 дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ, воқеъ дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб садамаи маргбор рух дод. Дар натиҷаи он 10 кас ҷон бохта, 11 нафар маҷруҳ шуданд.
Мақомот гуфтанд, мошини борбари тамғаи “Дулан”, ки аз пушт ядак (притсеп) дошт, бинобар аз кор мондани “тормоз” ба садама дучор шуд. Ин мошин ба ширкати ширкати “Кафолат Воридоту Содирот" тааллуқ дошт.
Кумитаи андози Тоҷикистон пештар номи соҳибони ширкатро фош накарда буд. Тибқи ҳуҷҷатҳо аз манобеи боз муассиси ширкати “Кафолат Воридоту Содирот" шахсе бо номи Ҳусейн Зиёев ва раиси ширкат Мавлон Зиёев аст.
Дар пайи садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб даҳҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ талаб карданд, ки зарари сокинонро бояд ҳамон ширкате ҷуброн кунад, ки мошинаш садама кардааст, на мақомот ва на масҷиду соҳибкорон.
Мақомот дар ин бора ҳеч вокунише накарданд ва ҳам нагуфтанд, ки масъулони ширкати “Кафолат Воридоту Содирот" барои ин садама чӣ ҷазо гирифтанд. Коре, ки шубҳаву гумонҳоро дар бораи манфиатбардорони ин ширкат зиёд кардааст.
Ин ширкат ҳангоми садама ва баъди он изҳороте надод ва ба навиштаҳои матбуот ҳам вокуниш накард.
Видеоро инҷо бинед: