Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз калонтарин бозорҳои минтақаи Кӯлоб дубора боз шуд. АКС. ВИДЕО


Бозори Ҳулбук
Бозори Ҳулбук

Бозори "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ, яке аз калонтарин бозорҳо дар минтақаи Кӯлоб пас аз танаффуси якмоҳа боз аз мардум пур шуд.  

Як моҳ пеш хукумати маҳаллӣ бо далели риоя нашудани талаботи беҳдоштӣ (санитарӣ), фаъолияти бозорро қатъ карда буд. Роҳбарияти бозор мегӯяд, ки баъди бартараф кардани камбудҳо, дарҳои бозор дубора боз шуд.

Маҳмадкарим Мӯъминов, раиси бозори “Ҳулбук” дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “камбудӣ доштем, масалаи санитарӣ, камераҳои назоратӣ ва сухторхомӯшкунӣ буд. Баъди санҷиши ҳукумати маҳаллӣ бозор баста буд ва гуфтанд, ки ин камбудиҳоро ислоҳ кунед, мо мекушоем. Мо камбудиҳоро ислоҳ кардем, омада бозорро боз карданд.”

Ин бозор дар байни мардуми минтақа бо номи «Ҷумъабозор» маъруф аст ва рӯзҳои ҷумъа ташкил мешавад. Сокинон аз дигар гӯшаҳои минтақаи Кӯлоб барои харидуфурӯш ба инҷо меоянд. Бозори Ҳулбук яке аз калонтарин бозорҳои минтақа буда, бо колоҳои дастраси худ харидорону тоҷирони зиёдеро ҷалб мекунад.

Видеоро инҷо бинед:

Яке аз калонтарин бозорҳои минтақаи Кӯлоб дубора боз шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Масъулин мехостанд рӯзи баргузории бозорро аз ҷумъа ба рӯзҳои дигари ҳафта гузаронанд. Аммо Мудирияти бозор мегӯяд, чанд бор ин корро имтиҳон карданд, вале натиҷа надод.

“Гуфтанд, ки рӯзҳои душанбе, сешанбе ё чаҳоршанбе кунед, чун мошин бисёр мешавад мо кардем, бозор нашуд,»-афзуд Маҳмадкарим Мӯъминов.

Бозори “Ҳулбук” дар канори роҳи оҳан ва шоҳроҳи байнулмиллалӣ қарор дорад. Сабаби дигари баста шудани бозор зиёд будани мошинҳо будааст. Бо вуҷуди назорати пулис, мушкилот то ҳол боқӣ мондааст.

Раиси ноҳия ноҳияи Восеъ гуфт, ба ин далел, тасмим гирифтанд то пайдо кардани роҳи ҳалл кори бозорро манъ кунанд.

Ба гуфтаи Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ, “дар роҳ одамон аз Помиру Кӯлоб дигар ноҳияҳо меоянд. Кормандони милиса намерасанд, то гузорем тартиботро нигоҳ кунанд. Дигар дар бозор ягон мушкил нест.”

Бори аввал нест, ки бозори "Ҳулбук" баста мешавад, аммо пас аз ҳар басташавӣ дубора ба кор шурӯъ мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG