Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри акси нави Муҳаммад Зайф, фармондеҳи "Ҳамос"


Гуфта мешавад, ки ин акси нави Муҳаммад Зайф аст
Гуфта мешавад, ки ин акси нави Муҳаммад Зайф аст

Расонаҳои Исроил рӯзи 27-уми декабр акси, ба гуфтаашон, нави Муҳаммад Зайф, фармондеҳи бахши низомии гурӯҳи тундрави "Ҳамос"-ро нашр карданд.

Вай зиёда аз бист сол боз аз назарҳо пинҳон буд.

Дар акс як чашми Муҳаммад Зайф пӯшидааст.

Шабакаи "Кан"-и Исроил гуфт, тасвирро аз ду порчаи видео гирифт, ки артиш аз яке аз махфигоҳҳо дар Ҷабалия, шимоли Навори Ғазза, ёфт.

Ҳамин манбаъ афзудааст, Муҳаммад Зайф дар рӯзҳои аввали ҷанг дар Навори Ғазза буд ва дар роҳ рафтан душворӣ мекашад.

Сухангӯйи артиши Исроил дар нишасти хабарӣ рӯзи 27-уми декабр дар бораи наворҳои Муҳаммад Зайф шарҳ надод. Вай танҳо гуфт, ки “ёфтан ва куштанаш дар дастури кори мост”.

Як соат пас аз ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябр як файли савтии Муҳаммад Зайф дар Телеграм пахш шуд. Дар онҷо аз оғози амалиёти "Тӯфони Ақсо" хабар медод.

Исроил барои пайдо кардани Муҳаммад Зайф ҷоизаи пулӣ таъин кардааст.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ мешиносанд.

XS
SM
MD
LG