Дар ин бора ҳизби ӯ рӯзи 27-уми декабр хабар дод.
Вай то ин дам се дафъа дар мансаби сарвазири Покистон кор кардааст.
Чаҳор сол боз дар хориҷа мезист. Моҳи октябри имсол аз Лондон ба Исломобод баргашт.
Ӯро дар Покистон ба ришвагирӣ муттаҳам медонистанд, аммо баъди бозгашташ иттиҳом бекор шуд. Ҳоло ҳақ дорад, дар интихобот иштирок кунад.
Интихоботи порлумонӣ дар Покистон рӯзи 8-уми феврали соли 2024 баргузор хоҳад шуд.