Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи исроилӣ гуфт, ҷанг ба зудӣ поён намеёбад


Ҳерзӣ Ҳалавӣ
Ҳерзӣ Ҳалавӣ

Сардори ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Исроил рӯзи 26-уми декабр ҳушдор дод, ки ҷанг дар Навори Ғазза моҳҳо идома хоҳад кард.

Ҳерзӣ Ҳалавӣ дар ин бора замоне сухан гуфт, ки амалиёти низомии Исроил дар ин минтақаи муҳосирашудаи фаластиниён шиддат мегирад.

Ҳамзамон нигарониҳо аз буҳрони башарӣ дар Навори Ғазза ва даъватҳо барои хатми низоъ дар он ҷо афзоиш ёфтааст. Аммо сардори ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Исроил гуфт, расидан ба ҳадафҳои ҷанг осон нест ва ин вақт мегирад.

Исроил ҳамлаҳои худро ба Навори Ғазза пас аз он оғоз кард, ки ҷангҷӯёни "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябр ба чанд шаҳри ин кишвар ҳамла карда, ҳудуди 1200 исроилиро куштанд ва беш аз дусад нафарро ба асорат гирифтанд. "Ҳамос" аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Навори Ғазза гуфтанд, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил зиёда аз 20 ҳазор фаластинӣ кушта шуданд. Манобеи мустақил ин рақамҳоро тасдиқ ё такзиб накардаанд.

XS
SM
MD
LG