Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии тими миллии Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2023


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петар Шегрт ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, нахустин ҷамъомади таълимию тамринии тими миллии кишвар дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад.

Тамринҳои асосии ҷисмониро футболбозон субҳгоҳон дар толори варзишии меҳмонхонаи «Marriott Hotel Al Jaddaf» доир мекунанд.

«Даста ду бор: нисфирӯзӣ дар толори варзишӣ ва бегоҳӣ дар майдон машқ мекунад. Фазо дар коллектив хеле хуб аст, муносибат бо ҳамдигар мисли як оила мебошад. Бачаҳо пур аз энержӣ буда, дар машқҳо тамоми қувваи худро сарф мекунанд, то дар Ҷоми Осиё дар ҳоли хуби ҷисмонӣ бошанд», - хабар медиҳад сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мунтахаби Тоҷикистон ҷамъомади дуюмро аз 28-уми декабр то 7-уми январ дар пойтахти Иморот - шаҳри Абузабӣ - доир менамояд.

Ба ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаб 27 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар - даъват шудаанд:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол», Душанбе), Далерҷон Баротов («Истаравшан», Истаравшан);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Курбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан», Кӯлоб), Далер Имомназаров («Эсхата», Хуҷанд);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Комрон Турсунов («Гокулам Керала», Ҳиндустон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Буризод (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА, Душанбе), Алишер Шукуров («Кӯктош», Рӯдакӣ);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот», Фархор).

Рӯзи 8-уми январ ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба Қатар сафар хоҳад кард.

Зимнан, дар Ҷоми Осиё-2023, ки аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли оянда дар Доҳаи Қатар доир мегардад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Қатар, Лубнон ва Чин рақобат мекунад.

Тими миллии Тоҷикистон дар бозии аввалинаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 13-уми январ бо дастаи Чин рӯбарӯ мешавад.

Футболбозони тоҷик дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 17-уми январ бо дастаи мизбон– мунтахаби Қатар - бозӣ мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 22-юми январ бо тими миллии Лубнон қувва меозмояд.

Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8- ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

13-уми январи 2024 (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Чин Тоҷикистон

Доҳа, варзишгоҳи Абдулло бин Халиф

Даври 2-юм

17-уми январи 2024 (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Тоҷикистон - Қатар

Доҳа, варзишгоҳи «Ал-Байт»

Даври 3-юм

22-юми январи 2024 (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон - Лубнон

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG