Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз роҳҳои Кӯлоб. Ронандаҳо: худамон таъмир мекунем. АКС. ВИДЕО


яке аз роҳҳои Кӯлоб
яке аз роҳҳои Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб баъзе роҳҳое, ки ҳамагӣ ду-се сол пеш мумфарш шуда буданд, дубора хароб мешаванд. Аз ҷумла роҳи марказии шаҳр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ. Ҳар рӯз садҳо мошин аз бару болои ин роҳи нимавайрона равуо мекунанд. Чунин аҳволро метавон дар дигар гӯшаҳои шаҳр низ дид.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 гуфта буд, 21 километр роҳҳои боқимонда дар дохили шаҳри Кӯлоб "дар муҳлати ду сол пурра таъмир шуда, чароғон карда мешавад."

Шаҳрдори пешини Кӯлоб Қодир Вализода идораи роҳсозиро барҳам дода буд. Он вақт гуфта буд, ки техникаи роҳсозӣ надоранд ва зарурат ба идорааш ҳам нест. Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори феълии Кӯлоб баъди таин шудан ба ин вазифа, идораи роҳсозиро барқарор кард. Назарзода дар аввалин соли корияш соли 2022-ро роҳҳои обод эълон кард ва ба бозсозии роҳи маҳаллаи "Чармгарон"-и Кӯлоб оғоз кард. Аз таъмири роҳҳои вайронаи дигари шаҳр хабаре нест.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Роҳҳои Кӯлоб вайрон мешаванд. Кӣ таъмир мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Баъзе ронандагону сокинон мегӯянд, ки ҳукумати маҳаллӣ нисбат ба тармими роҳҳо бепарво аст. Бархе ронандагони хатсайрҳо худашон роҳҳоро таъмир мекунанд.

Камолиддин, яке ронандагон мегӯяд, "ягон кас роҳро намебинад. На ҳукумати шаҳр парво дорад, на кормандони идораи роҳсозӣ. Маҷбурем, ки ронандаҳо худамон роҳҳоро таъмир кунем."

Шаҳри Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон сеюмин шаҳри бузурги кишвар аст. Роҳҳояш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваст мешавад. Худи шаҳр 189 километр роҳҳои маҳаллӣ дорад, ки аксарашон ба таъмир ниёз пайдо кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG