Раҳоии ин афрод чанд рӯз пас аз он сурат гирифт, ки созмондиҳандагони тазоҳурот барои раҳоии ҳамаи боздоштшудагон ба мақомот мӯҳлат дода буданд.
Фаъолони балуҷ рӯзи 21-уми декабр 1600 километр роҳро тай карда, аз шаҳри Турбати Балуҷистон ба Исломобод омаданд. Онҳо ба нопадидшавӣ ва қатлҳои ғайридодгоҳӣ дар ин минтақаи ҷануби ғарби Покистон эътироз доранд.
Муътаризон асосан занон буданд ва бархе онҳо кӯдакони 7-12 соларо бо худ оварданд. Пулис талош кард ба воситаи калтак ва обпошӣ эътирозгаронро пароканда кунад.