Ӯ рӯзи 23-уми декабр дар шабакаи иҷтимоии Х ва ё Твиттери собиқ навишт, аз кори ин афрод ва ҳазорон маъмури имдодии дигар, ки ҷонашонро ба хатар меандозанд, то ғайринизомиён дар Ғаззаро муҳофизат кунанд, изҳори қадрдонӣ ва эҳтиром мекунад.
Дабири кулли Созмони Милал дар як навиштаи дигараш дар шабакаи Х амалкардҳои Исроил дар Навори Ғаззаро танқид карда ва гуфтааст, равиши пешгирифтаи Исроил дар ҳамлаҳояш ба ин минтақа монеи расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба Ғазза мешавад.
Ӯ гуфтааст, барои расонидани кӯмакҳои башардӯстонаи муносиб ба Ғазза ба амният ва ҳифзи ҷони маъмуроне, ки битавонанд оромона кор кунанд, ниёз вуҷуд дорад. Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти фалокатбори башарӣ дар Ғаззаи муҳосирашуда, Исроил таҳти фишори фазояндаи байналмилалӣ қарор гирифтааст.
Шӯрои Амнияти Созмони Милал пас аз рӯзҳо баҳсу кашмакаш рӯзи 22-уми декабр қатъномаеро қабул кард, ки дар он хоста шудааст, ба тақрибан 2 миллион нафар аз мардуми ниёзманд дар Ғазза кӯмакҳои башарии бештар расонида шавад.
Бо ин ҳол, Шӯрои Амният, ниҳоди қудратманди Созмони Милал як матни қатъномаи бидуни даъват ба оташбаси фавриро, ки Антонио Гуттерреш ба он умедвор буд, тасвиб кард.
Ҷанги Ғазза баъди он шуруъ шуд, ки ҷангҷӯёни гуруҳи Ҳамос, ки Амрико онро созмони террористӣ мешуморад, рӯзи 7-уми октябр ба Исроил ҳамла карда, тақрибан 1200 исроилиро куштанд ва бештар аз 240 каси дигарро гаравгон гирифт.
Исроил дар ҷавоб, ҳамлаҳои густурдаеро дар Навори Ғазза оғоз кард, ки то ҳол идома доранд. Хабаргузории Ассосиейтед Пресс рӯзи ҷумъа аз қавли масъулони шифохонаҳои таҳти назари Ҳамос дар Ғазза навишт, ки аз марзи 20 000 нафар гузаштааст. Оморе, ки ҳануз манобеъи мустақил онро рад ва тасдиқ накардаанд.
Гуфтугӯ