Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳоҷӣ Шариф" дар мусобиқаи ҷудои Алмато медали нуқра гирифт


Тими «Ҳоҷӣ Шариф»-и Тоҷикистон дар мусобиқаи даставии ҷудо Jenys Judo Cup Almaty 2023, ки рӯзи 21-уми декабр дар шаҳри Алматои Қазоқистон доир гардид, бо медали нуқра ва 20 ҳазор доллар сарфароз гардид.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 17 даста аз Аврупо ва Осиё иштирок намуд.

Ба ҳайати дастаи “Ҳоҷи Шариф” шаш паҳлавони тоҷик - Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Куобан Кудиев (-81 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг) ва Мансур Раҳмон (+90 кг) - дохил буданд.

“Ҳоҷи Шариф” дар марҳилаи аввали ин мусобиқа дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои ҷудои “Женис-2” –и Қазоқистон, “Севен Ҷудо”-и Узбекистон ва “Эделвейс Грозний”-и Русия рақобат кард.

«Ҳоҷи Шариф» дар марҳилаи гурӯҳӣ бар дастаҳои «Севен Ҷудо» (3:0) ва «Эделвейс Грозний» (3:2) пирӯз шуда, аз тими «Женис-2» (2:3) шикаст хӯрд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Дар нимфинал «Ҳоҷи Шариф» бар дастаи «Локомотив Грин Ҳилл»-и шаҳри Налчики Қабардину Балқари Русия (3:0) ғолиб омада, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ пайдо кард.

Рақиби паҳлавонони тоҷик дар финал дастаи “Шевардини”-и Гурҷистон буд. Рақобат бо пирӯзии паҳлвонони гурҷӣ бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт.

Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи Jenys Judo Cup Almaty 2023 тими “Шевардини” бо медали тилло сарфароз шуд.

Ба дастаи «Ҳоҷӣ Шариф» медали нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор доллари ИМА тақдим гардид.

Дастаҳои «Ҷенюс»-и Қазоқистон ва «Эделвейс Грозний»-и Русия, ки ҷойҳои сеюмро ишғол карданд, бо медалҳои биринҷии мусобиқа мукофотонида шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG