Дар ин бора дафтари матбуотии муштараки додгоҳҳои пойтахти Русия иттилоъ дод. Пештар дар бораи боздошти беш аз 80 кас хабар дода шуд.
Додгоҳ 51 муҳоҷирро ба "итоат накардан ба талаби корманди пулис" (қисми яки моддаи 19(3)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия) гунаҳкор донистааст.
22 муҳоҷири дигар ба нақзи қоидаҳои будубош дар Русия айбдор эълом шудаанд. Ҳамаи боздоштшудаҳоро ба Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ бурдаанд.
Ҳодиса рӯзи 15-уми декабри имсол дар бозори "Садовод"-и шаҳри Маскав рӯй дод. Ба фарзияи тафтишот, ронандаи 21-сола ҳангоми санҷиши ҳуҷҷат ба афсари милиса "итоат накард", "ба болояш мошин ронд" ва "ба ҳаёт ва саломатии ӯ хатар эҷод кард".
Як шоҳиди ҳодиса ба Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми декабр гуфт, ки моҷаро бо айби ходими полис рух дод, чун нисбат ба ронанда электрошокерро ба кор бурд: “Ронанда мошинро манъ накард, вале ба онҳо муяссар шуд, ки ба зӯр нигоҳ доранд. Сипас яке аз маъмурони полис ронандаро бо "электрошокер" заду беҳуш кард."
"Вақте тоҷикон ин ҳолатро дида ҷанҷол бардоштанд, нерӯҳои иловагӣ даъват карда шуд," -- афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ. Ба қавли ӯ, "таксирони тоҷик чанд соат беҳуш буд ва ӯро ба беморхона бурданд."
Пулис ҳам беҳуш шудани ронандаро тадсиқ мекунад, вале мегӯяд, “ҳангоми ёрӣ ба боздоштшуда як гурӯҳ шаҳрвандони хашмгин (беш аз 80 нафар) омада, бо буридани чарх ба мошини хидматӣ осеб расонданд."
“Садовод” яке бозорҳои аз калонтарини Маскав аст ва теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҷо кор мекунанд. Мавридҳои фишор ва рафтори ғайриқонунӣ нисбат ба онҳо дар ин бозор дар гузашта ҳам ҷой доштааст.
Моҳи августи имсол маъмурони пулиси Русия 60 муҳоҷиру донишҷӯи тоҷикро дар ҳамин бозор дастгир карда буданд. Он замон муҳоҷирон гуфтанд, сабаби боздошташон маълум нест, ҳарчанд санади аксарият дуруст ва мутобиқ ба қонун таҳия шудааст.