Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмон паём медиҳад. Мардум аз ӯ чӣ мехоҳанд бишнаванд? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабр дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи порлумон барномаи кории ҳукумат дар соли ояндаро шарҳ медиҳад. Ҳамасола дар моҳи декабр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон паёми солонаи худро ба порлумон ироа мекунад.

Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент телевизионҳои расмӣ рӯзҳо ин мавзуъро инъикос карда, гурӯҳҳои вижа барои фаҳмондани нуктаҳои он таъсис дода мешаванд.

Дар як пурсиш аз сокинон дар кучаҳои Душанбе интизориҳои онҳоро аз ин паём пурсидем. Мехоҳанд кадом масъалаҳо дар паём садо диҳанд? Посухҳои сокинон гуногун буд:

  • Интизориҳо ҳамин аст, ки давлати мо обод шавад, мо дар инҷо кор кунем. Муҳоҷират тамом шавад, чун безори муҳоҷират шудем.
  • Хобгоҳҳо барои донишҷуён ройгон шавад, стипендия ва маош баланд шавад.
  • Дар ҳама кишварҳо мушкилиҳо ҳастанд. Аҷаб нест кишвари мо аз ин орӣ бошад. Дар ҳукумати Тоҷикистон мутахассисони соҳа нишастаанд ва онҳо ба Ҷаноби Олӣ маълумот медиҳанд. Президент ҳам диққати сокинону иштирокчиёни паёмро ба он ҷалб мекунад.
  • Президент дар ин паём ба сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳ кунад, беҳтар аст. Нафақа боло бурда шавад. Маводи доруворӣ арзон шавад.
  • Албатта ҷойҳои корӣ инҷо бештар шавад, хуб аст. Рафтем, омадем боз ба муҳоҷират рафтан даркор. Агар инҷо кор кунем, беҳтар аст.
  • Агар масъалаи нархи маводи сузишворӣ ҳам гуфта шавад, хуб аст. Ин бисёр муҳим аст.
  • Масъалаи таълиму тарбия ва таваҷҷуҳ ба донишомузӣ гуфта шавад, хуб аст.
Мардум аз паёми Эмомалӣ Раҳмон чӣ интизориҳо доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG