Як ҷавони тоҷик бо дӯстонаш дар шаҳри Анталияи Туркия боғи нигаҳдории шер сохтааст.
Дар ин боғ 22 шер нигаҳдорӣ мешавад ва сокинону сайёҳон бо мошинҳои махсус ҷонваронро тамошо мекунанд, барояшон ғизо медиҳанд ва онҷо барои хотира аксу навор мегиранд.
Ҷавони тоҷике, ки ин боғро дар Анталия бунёд кардааст, бо сабабҳои халал ворид нашудан ба тиҷораташ нахост ӯро муаррифӣ кунем, вале мегӯяд, муҳим ин ки тавонист, дар ин кишвар барои худу тоҷикони дигар ҷои кор офарад. Ӯ талош дорад, ки шумораи шеронро дар боғ бештар кунад.
Мо дар ин боғ бо София, шаҳрванди Русия вохӯрдем, ки барои сайёҳат аз шаҳри Қазони Русия ба Анталия омадааст. Ӯ гуфт, тамошои ин боғ барояш писанд омад. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, дидани шер аз наздик дар дигар маконҳо мушкил аст, вале дар ин боғ шароити аз наздик дидани ин ҷонвар фароҳам шудааст.
Меҳмонони ин боғ аксаран хориҷианд.
Аслам, як масъул дар ин боғ ба Радиои Озодӣ гуфт, меҳмононро бо мошини панҷарадор ба назди шерҳо мебаранд ва онҷо барояшон хурок дода, аксу навор мегиранд. "Саёҳат 10-15 дақиқа идома мекунад. Ҳамчунин вобаста ба хоҳиши меҳмонҳо мумкин аст, вақти сайругашт тағйир ёбад,"--гуфт ӯ.
Чанде аз кормандони ин боғи истироҳатӣ дар Анталия низ тоҷикони муқими Туркия ҳастанд.
Шаҳноза Очилова ҳашт сол пеш ба ин шаҳр омада, онҷо зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, бунёди ин боғ агар барои саёҳон аз назари тафреҳ ҷолиб бошад, барои ӯ ва тоҷикони дигар ҷои кору даромадашон аст. "Ман инҷо давоми се моҳ кор мекунам. Ба ин ҷо меҳмонҳо аз Қазон, Маскав, Узбекистон меоянд. Зиёд меоянд. Инҷо “сафарӣ” (саёҳат бо мошин дар боғи ҷонварон) дорем, 20-25 дақиқа “сафарӣ” мераванд, баъдан дар поён тарабхона дорем, онҷо хурок хурда, ба меҳмонхонаҳояшон бармегарданд. Тоҷикон ҳам меоянд, аммо хеле кам,"- гуфт Шаҳноза Очилова.
Дар ин боғ, ки дар масоҳати 40 гектар бунёд шудааст, даҳҳо нафар кор мекунанд, ки нисфе аз онҳо тоҷикон мебошанд. Муассисонаш мегӯянд, талош доранд, навъҳои дигари саёҳатро роҳандозӣ карда, бо ин васила тоҷиконро ҳам барои кор ба ин шаҳри сайёҳӣ дар Туркия ҷалб кунанд.
Гуфтугӯ