Карим Хон, Додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ аз маҳалли ҳамлаи ҲАМОС ба хоки Исроил дидан кард.
Дар ин ҳамла рӯзи 7-уми октябр беш аз 1200 нафар кушта шуда, 240 каси дигарро гаравгон гирифтанд.
Додситонӣ иддаои афроди наҷотёфта ва хонаводаҳои гаравгонҳоро шунид ва ин ҳамларо “ҷинояти ҷиддии байналмилалӣ” хонд, ки “вуҷуди инсонро ба ларза меорад.” Вай гуфт: “Гаравгонгирӣ ин нақзи ҷиддии эъломияи Женева аст. Тибқи созишномаи Рум, ин як қонуншикании махсус аст ва ман даъват мекунам, ки тамоми гаравгонҳои исроилӣ фавран озод ва ба хонаводаҳояшон баргардонида шаванд.”
Вакилони дифои Созмони кор бо оилаҳои гаравгон ва афроди беномунишоншуда аз номи садҳо қурбонии ҳодисаи 7-уми октябр аз Карим Хон хостанд, фавран ва то анҷоми ҷанг ба таҳқиқи ин ҳамла шурӯъ кунад.
“Ҳеҷ ҷойи шубҳае нест, ки ин як ҷинояти васеъмиқёсу байналмилалӣ, ҷиноят алайҳи башарият, ҷинояти ҷангӣ ва наслкушӣ аст.” - гуфт, Ювал Сассон, вакили дифои Созмони кор бо оилаҳои гаравгон ва нопадидшудаҳо
Вале ба иддаои фаластиниҳо, баръакс Исроил бо амалиёти низомии худ дар Ғазза, қонунҳои байналмилалиро нақз кард. Бино ба омори Вазорати тандурустии Ғазза, ки таҳти ҳимояти ҲАМОС аст, дар ин амалиёт 15 ҳазор нафар, аксаран занону кӯдакон, кушта шуданд.
Раҷӣ Суранӣ, ҳомии ҳуқуқи башар дар навори Ғазза, дар ин бора гуфт: “Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин билкул ҷинояти зидди башарӣ аст. Дар навори Ғазза поксозии қавмӣ ва наслкушӣ шуда истодааст. Он чизе, ки мегузарад, ”қонуни ҷангал” аст, на волоияти қонун”
Додситони Додгоҳи Байналмилаллӣ ҷиноӣ, зимни мулоқот бо раҳбарони Фаластинӣ дар шаҳри Ромаллоҳ, дигарбора ба иддаои ҷиноятҳои ҷангии фаластиниён алайҳи Исроил таваҷҷӯҳ кард. Аммо бисёре аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари Фаластинӣ ӯро ба тарафдорӣ аз мавқеи Исроил муттаҳам карда, аз мулоқот бо вай худдорӣ намуданд.
Карим Хон, Додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ зимни ин сафараш афзуд: "Ман бо афроде сӯҳбат кардам, ки оила, наздикон, фарзандон, ҳамсар ва волидони худро зери харобаҳои Ғазза аз даст додаанд. Қонун ин ороиши косметикӣ нест, ки онро сарфи назар кард, ин як талаботи қатъӣ аст, ки бояд риоя шавад."
Дар баробари баррасии парвандаи наздикони қурбониёни Исроилӣ дар Додгоҳи байналмилалӣ, дар додгоҳҳои низомии Исроил ҳам тақрибан 900 ҷангҷӯи ҲАМОС-ро, ки рӯзи 7 уми октябр боздошт шудаанд, муҳокима хоҳанд кард.
Гуфтугӯ