Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақша барои "тарбия"-и зану бачаҳои ҷангҷӯёни ДОИШ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Занони тоҷик ҳангоми бозгашт аз урдугоҳи "Ал-Ҳол"-и Сурия ба Тоҷикистон. Моҳи майи 2023
Занони тоҷик ҳангоми бозгашт аз урдугоҳи "Ал-Ҳол"-и Сурия ба Тоҷикистон. Моҳи майи 2023

Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули барномаи нав қасд дорад, садҳо зану кӯдаки ҷангҷӯёни ДОИШ-ро, ки аз Ироқу Сурия овардааст, ба зиндагии одӣ баргардонад. Муҳлати иҷрои онро то соли 2027 таъйин кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд, бозгаштагон то он вақт зери назорат хоҳанд монд.

Барнома дар охири моҳи сентябри имсол қабул шудааст. Радиои Озодӣ нусхаи онро 7-уми декабри имсол дид.

"Аз байн бурдани мафкураи ифротии баъзе аз занону кӯдакон" аз нуктаҳои асосии барнома аст. Мадади пизишкию равонӣ ва ёрӣ барои дарёфти ҷойи корро ҳам дар назар дорад.

"Мутаассифона, барои баъзе аз занон, бо сабаби қавӣ будани робитаҳои хусусияташон эмотсионалӣ бо шавҳарони фавтида ё дигар заноне, ки то ҳол дар Сурия мондаанд, барқарорсозӣ ба таъхир уфтодааст. Аз ин рӯ, дар давраи минбаъда барои баргардондани ин занон машваратҳои зарурӣ ташкил карда, чорабиниҳои дахлдор дар ин самт идома дода мешаванд," -- гуфта шудааст дар барнома.

Мақомот инчунин пешбинӣ кардаанд, ки қабл аз супурдани кӯдакони ҷангҷӯён ба дасти наздиконашон, солимӣ ва сатҳи хурофотпарастии хонаводаҳо бояд санҷида шавад. Кӯдаконе, ки дар Тоҷикистон хешованд надоранд, дар мактаб-интернатҳои Вазорати маориф ҷой дода мешаванд.

Дар барномаи ҳукумат омадааст, раисони маҳаллаҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ бояд талош кунанд, ки аз табъиз нисбат ба занону кӯдакони баргашта дар ҷойҳои истиқомат ва муассисаҳои таълимӣ пешгирӣ шавад.

Бар пояи он, кормандони хадамоти амниятӣ, равоншиносон, рӯҳониён ва ёварон аз хадамоти иҷтимоӣ бо занону кӯдакони аз Сурия ва Ироқ бозгашта кор мекунанд. Ва ин кор ҳамарӯза ва пайваста бояд анҷом гирад.

Бинобар нақшаи ҳаррӯза ин гуруҳи занону кӯдакон дарси равоншиносӣ, хештаншиносӣ, мусиқӣ, адабиёти бадеӣ ва забони давлатӣ меомӯзанд ва ҳамчунин ёрии равоншиносӣ мегиранд. Намояндагони додситонӣ, кумитаҳои дин, ҷавонон, кор бо занон ва оила, Академияи илмҳо, Донишкадаи исломӣ ва дигар ниҳодҳо бо ин гуруҳи кӯдакон ва занон кор мекунанд.

То поёни барнома бозгаштагон дар муассисаҳои давлатӣ, умдатан осоишгоҳҳо нигоҳ дошта мешаванд. Яъне онҳо амалан озод нестанд.

Барои иҷрои ин барномаи панҷсола, 6 миллиону шашсад ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳукумат аз буҷет барои он 1 миллиону шашсад ҳазор сомонӣ ҷудо карда, умед дорад, ки 5 миллион сомонии дигарро аз ҳисоби шарикони рушд ё ниҳодҳои байнулмилалӣ пайдо мекунад.

Мақомот яке аз ҳадафҳои асосии барномаро “комилан рад кардани ақидаҳои тундравонаи динӣ, дур шудан аз ғояҳои зӯроварӣ ва экстремистӣ, мутобиқшавӣ ба арзишҳои ҷомеаи Тоҷикистон” гуфтаанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Ҳукумат зану бачаҳои ҷангҷӯёни ДОИШ-ро "тарбия" мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Баъд аз соли соли 2019 мақомот бо ёрии созмонҳои байнулмилалӣ 334 зан, наврас ва кӯдакро аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба Тоҷикистон баргардонданд. Дар барномаи ҳукуматӣ омадааст, аксарияти онҳо бевосита дар ҷангҳо ширкат накарда, ҳамроҳи шавҳар ва падаронашон, ки ба гуруҳи ваҳшатафкани “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ба Сурия ва Ироқ рафта буданд. Аммо ҳанӯз ҳам шуморе аз онҳо дар урдугоҳҳои Сурия ва зиндонҳои Ироқ мондаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG