Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Амрико бастаи кумакҳоро ба Украина тасдиқ накард


Сенат ё табақаи болоии порлумони Амрико рӯзи 6-уми декабр тарҳи қонунеро қабул накард, ки кумаки низомиро ба Украинаву Исроил ва ёрии башардӯстонаро ба аҳолии Ғазза дар бар мегирифт.

Ҳамаи сенаторҳои ҷумҳурихоҳ ва сенатори мустақил Берни Сандерс ба зидди кумак ба Исроил овоз доданд.

Дар ин тарҳ афзоиши сармоягузорӣ барои ҳифзи марзҳои Амрико бо Мексика пешбинӣ шудааст, вале ҷумҳурихоҳон аз ҳукумати Байден талаб доранд, ки тартиби додани паноҳандагиро сахттар кунад.

Пештар президенти Амрико Ҷо Байден аз Конгресс хоста буд, ки то фарорасии танаффусҳои солинавӣ сармоягузории минбаъдаи Украинаро тасдиқ кунад.

Ӯ гуфт, Вашингтон наметавонад, ба президенти Русия Владимир Путин иҷозат диҳад, ки дар ҷанги зидди Украина пирӯз шавад.

XS
SM
MD
LG