Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ал-Наср" ба Тоҷикистон омад, аммо бе Роналду. ВИДЕО


​​​​​​​Бошгоҳи "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ барои анҷом додани бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 бо дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон 4-уми декабр ба Душанбе омад.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пешвоз гирифтанд. Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи «Истиқлол», ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба иттилои маъмурияти бошгоҳи «Ал-Наср», капитани даста ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду, ки дар бозӣ муқобили “Персеполис”-и Эрон осеб дидааст ва феълан табобат мегирад, ба бозӣ бо “Истиқлол” ба Душанбе наомад."

“Мутаассифона, мухлисони футбол аз тамошои бозии Роналду дар Варзишгоҳи марказии Душанбе маҳрум гаштанд. Дигар ситораҳои ҷаҳонии футбол, ки ба ҳайати “Ал-Наср” дохиланд, аз қабили Талиска, Садио Мане, Марсело Брозович ва дигарон ба Душанбе омаданд,” – илова кард ӯ.

Дастаи “Ал-Наср”, ки дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe ҷойгир шуд, шоми 4-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин хоҳад кард.

Тими "Ал-Наср" дар Душанбе
Тими "Ал-Наср" дар Душанбе

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Дар остонаи бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» шоми имрӯз, 4-уми декабр, дар толори Варзишгоҳи марказии Душанбе нишасти хабарӣ баргузор мешавад.

Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббии «Истиқлол» Игор Черевченко ва нимҳимоятгари бошгоҳ Эҳсони Панҷшанбе, аз ҷониби «Ал-Наср» сармураббӣ Луиш Каштру, мутахассиси 62-солаи португолӣ ва яке аз бозигарони даста посух медиҳанд.

Бозии даври охирини гурӯҳи “Е” миёни қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ шаби сешанбеи 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад.

Криштиану Роналду
Криштиану Роналду

НАРХИ БИЛЕТИ БОЗӢ АЗ 100 ТО 3000 СОМОНӢ

Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи «Истиқлол», ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои тамошои ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ билетҳо аз рӯи се дараҷа пешниҳод шудааст.

Ҳакимов афзуд, «нархи билети дараҷаи аввал барои ҷойгоҳҳои минбари ғарбӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) 300 сомонӣ мебошад.

Барои ҷойгоҳҳои боқимонда (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) нархи як билети дараҷаи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин арзиши билети дараҷаи олӣ (VIP) 3000 сомониро ташкил медиҳад.”

Ёдовар мешавем, бозии даври дуюми мусобиқот миёни дастаҳои “Ал-Наср” ва “Истиқлол”, ки 2-юми октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз баргузор шуд, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи мизбонон хотима ёфта буд.

Наворро дар инҷо бинед:

"Ин хабарро шунида рӯҳафтода шудем, вале..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

«АЛ-НАСР» БА ПЛЕЙ-ОФФ БАРОМАД

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо касби 13 имтиёз дар мақоми аввал аст. Саудиҳо пешакӣ ғолиби гурӯҳ шуда, ба плей-офф роҳ ёфтаанд.
“Персеполис”-и Эрон бо касби 8 имтиёз дар зинаи дуюм мебошад. Ин даста барои ба даври баъдӣ роҳ пайдо кардан талош мекунад.
“Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби 4 имтиёз дар зинаи сеюм аст. “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 2 имтиёз дар ҷойгоҳи охирин – чаҳорум - қарор дорад.
"Ал-Дуҳайл" ва "Истиқлол" аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдии мусобиқот маҳрум шудаанд.

Бозии дигари даври шашум дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои «Персеполис-и Эрон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар 5-уми декабр дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон соати 21:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Зимнан, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон беҳтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунад.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи Озодӣ.

Даври 2-юм

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Сенин Себай, 44 (0:1), Криштиану Роналду, 66 (1:1), Андерсон Талиска, 72 (2:1), Андерсон Талиска, 77 (3:1).

2-юми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1

Гол: Умед Алишоҳ, 63 (0:1).

2-юми октябр. Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

Даври 3-юм

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:0

Голҳо: Саид Содиқӣ, 44 (1:0), Саид Содиқӣ, 71 (2:0).

24-уми октябр. Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ.

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 4:3

24-уми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

Даври 4-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Персеполис» (Эрон) – 1:1

Голҳо: Меҳдӣ Туробӣ, 30 (0:1), Сенин Себай, 74 (1:1)

7-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 2:3

Голҳо: Филипп Коунтинҳо, 8 (1:0), Андерсон Талиска, 27 (1:1), Андерсон Талиска, 37 (1:2), Андерсон Талиска, 65 (1:3), Филипп Коунтинҳо, 80 (2:3).

7-уми ноябр. Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

Даври 5-ум

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:0

Голҳо: Майкл Олунга, 47 (1:0). Майкл Олунга, 89 (2:0)

.27-уми ноябр. Доҳа. Варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халил.

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Персеполис» (Эрон) – 0:0

27-уми ноябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

5

4

1

0

12-6

13

2

«Персеполис» (Эрон)

5

2

2

1

4-3

8

3

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

5

1

1

3

5-8

4

4

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

5

0

2

3

2-8

2

Даври 6-ум

5-уми декабр (сешанбе)

21:00 «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

21:00 (бо вақти Душанбе). «Персеполис» (Эрон) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар)

Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG