Расонаҳо боздошти ӯро ба "маҳви гуруҳҳои ҷиноӣ" ва "пок кардани Тошканд аз ҷинояткорон" рабт додаанд.
Нашрияи Uznews.uz навишт, Салимбойбача шоми 1-уми декабр дастгир шуд.
Аз моҳи январи соли 2017 Салим Абдувалиев муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Узбекистон буд. Вай ҳамзамон аз соли 1997 президенти Эътилофи муҳорибаҳои омехтаи Узбекистон аст.
Мақомоти Узбекистон чанде пеш Саидазиз Сайдалиевро боздошт карданд, ки ба навиштаи расонаҳо, вай ба "рӯёндани қарзи одамон" машғул будааст.
Пештар мақомоти Узбекистон Бахтиёр Қудратуллоевро боздошт карданд, ки ба тамаъҷӯӣ гумонзад аст.