"Бештар ёди ватан мекунам, ёди набераҳое, ки дар деҳа ҳастанд.
Хоҳару додарчаамро ёд кардам,
Бачаҳои бачаамро ёд кардам.
Ҳам Манижа, ҳам Юсуф, ҳам меҳанам,
Самрати майдачаамро ёд кардам," – мегӯяд шоири тоҷик Гули Мурод.
Ӯ қариб сӣ сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Дар аввал ҳар сол мавсими кор ба онҷо мерафту дубора ба ватан бармегашт, аммо солҳои охир дурудароз дар онҷо мондааст.
Алишер Нурматов, ки бо тахаллуси Алишер Туркман шеър менависад, дар Тирмизи Узбекистон ва дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Мегӯяд, навиштани шеър барояш сабукӣ меорад.
"Агар ягон рӯз нанависам, бад мешавад. Рӯзҳо ва ҳафтаҳо худамро мехӯрам. Чаро ки ҳамон эҳсосот, ҳамон кайфияти дарунӣ, фикрҳо берун рехта намешаванд. Азоб мекашам," – нақл кард Алишер Туркман.
Гули Мурод, шоири тоҷик, ҳам мегӯяд: "Шеър барои инсонҳо ҳам дард ва ҳам дармон аст. Вақте дарду алам зиёдтар мешавад, қалам ба даст мегирам. Кадом вақте шеърро пурра навистам, гуё аз ғам, аз дард озод мешавам."
Алишер Туркман дар ширкати "Яндекс" ба расондани хӯроки ресторану кафеҳо ба муштариён машғул аст. Гули Мурод дар сохтмон кор мекунад. Вай муҳоҷиратро чораи маҷбурӣ медонад.
Мегӯяд, "солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, вазъият хеле бад буд, зиндагӣ рӯз аз рӯз бад шуд ва мо ба Русия кӯчидем. Муҳоҷир ин хуршеди камтулӯъро мемонад, муҳоҷир маҳтоби камнумӯъро мемонад, муҳоҷир ба истилоҳи русӣ гӯем агар, “современний ғулом” аст.
Муҳоҷир гаштаам раҳ кардаам гум,
Куҷо раҳбар, куҷо санъат, чӣ анҷум?
Маро дар саҳни шеъру шоирӣ не,
Маро дар мардикорӣ дида мардум."
Ақидаи Алишер Туркман дар бораи муҳоҷират дигар аст: "Муҳоҷират ягон чизи бад нест. Ризқи худро чида гаштаем. Ҳамаамон дар ин дунё меҳмон ҳастем. Кӯчманчӣ ҳастем. Кӯчида омадаем. Вақташ расад, кӯчида меравем."
Ба ақидаи ҳарду шоири муҳоҷир шеър онҳоро бо дигарон мепайвандад, ҳамдардҳоро пайдо мекунад. "Бори аввал, вақте ба Русия омадам, худро бисёр ноҳинҷор ҳис мекардам. Танҳо ва ғариб ҳисоб мекардам. Дар ин ҷо тавассути Фейсбук ёру рафиқони зиёд пайдо кардам, бо шоирон вохӯрдам, дар натиҷа шеърҳои ман обуранг гирифт," – мегӯяд Гули Мурод.
Шоир Алишер Туркман ҳам мегӯяд, муҳоҷирати ӯ бо тарсу ҳаросу изтироб оғоз шудааст: "Вақти аввалин бор омаданам як давраи тарсу ҳаяҷону ташвиш доштам, ки чӣ хел сар мешуда бошад ин умри муҳоҷират, яъне мусофирӣ чӣ хел сар мешуда бошад ва чӣ хел давом мекарда бошад. Баъдҳо кор ёфтам. Худоро шукр, ҳоло нағз."
Шеърҳои Гули Мурод дар радио ва суруди сарояндагон садо медиҳанд. Вай чанд маҷмӯаи шеър ҳам ба чоп расондааст. Алишер дар ҳоли омода кардани аввалин китоби шеърҳои худ аст. Ҳарду муҳоҷиратро муваққатӣ медонанд ва дар орзуи бозгашт ба зодгоҳи худ ҳастанд. Ҷое, ки ба гуфтаашон шеъри онҳо шунаванда ва хонанда дорад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ