Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» бори дувоздаҳум қаҳрамони Тоҷикистон шуд


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии мавқуфмондаи даври сеюми марҳилаи сеюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон тими «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод, пешакӣ соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот гардид.

Бозии марҳилаи сеюми мусобиқоти лигаи олӣ дар гурӯҳи “А” миёнидастаҳои «Истиқлол» ва «Кӯктош» шоми имрӯз, 1-уми декабр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба поён расид.

Нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов, сарвони дастаи “Истиқлол”, дар охири нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 40-ум, ҳисобро боз кард.

Голи дуюмро Алишер дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 70-ум, ба самар расонд.

Голи сеюми “Истиқлол” ба Шервонӣ Мабатшоев марбут аст. Ӯ дар дақиқаи 76-ум муваффақ гашт.

Голи чаҳорумро Ҳамадонӣ Камолов дар дақиқаи 84-ум вориди дарвоза кард.

Голи ягонаи “Кӯктош”-ро Муҳиддин Одилов дар дақиқаи 90+1 зад.

Ин ғалаба ба душанбегиҳо имкон дод, ки се давр пеш аз анҷоми мусобиқоти каҳрамонии Тоҷикистон медалҳои тиллоро соҳиб шаванд.

Зимнан, “Истиқлол” бори дувоздаҳум ва маротибаи даҳум пайиҳам ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқоти гурӯҳи «А» «Истиқдол» бо 43 имтиёз пешсафи ягона аст ва боз се бозӣ анҷом медиҳад, вале натоиҷи онҳо мавқеи қаҳрамонро тағйир нахоҳад дод.

«Равшан»-и Кӯлоб, ки бо 34 имтиёз дар мақоми дуюм аст, се бозии дигар мекунад. «Кӯктош», ки бо 32 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад, боз як бозӣ баргузор хоҳад кард.

Ин ду даста, инчунин «Эсхата»-и Хуҷанд барои медалҳои нуқраю биринҷӣ талош доранд.

Мусобиқот дар гурӯҳи «Б» 2-юми ноябр ба анҷом расида буд.

Ду дастаи машҳур – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон) ва «Хатлон»-и Бохтар (пештар «Вахш» ном дошт ва се бор қаҳрамони кишвар шудааст), ки ҷойҳои 9-уму 10-умро гирифтанд, соли оянда дар лигаи якум бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Марҳилаи сеюм

Гурӯҳи «А»

Бозии даври 3-юм

«Кӯктош» - «Истиқлол» - 1:4

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 40 (0:1), Алишер Ҷалилов, 70 (0:2, Шервонӣ Мабатшоев, 76 (0:3), Ҳамадонӣ Камолов, 84 (0:4), Муҳиддин Одилов, 90+1 (1:4).

1-уми декабр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

19

13

4

2

46-9

43

2

«Равшан» (Кӯлоб)

19

9

7

3

27-15

34

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

21

10

2

9

37-34

32

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

19

9

2

8

27-28

29

5

«Файзканд» (Восеъ)

20

6

7

7

28-32

25

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “Б”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

КМВА (Душанбе)

22

5

11

6

16-15

26

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

5

11

6

6-19

26

3

«Ҳосилот» (Фархор)

22

6

7

9

17-22

25

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

22

5

9

8

21-30

24

5

«Хатлон» (Бохтар)

22

5

2

15

12-38

17

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG