Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Департаменти давлатӣ дар бораи нақши Шохаи Хуросони ДОИШ ва Эрон дар амалҳои террористӣ


31 июли соли 2023 Шохаи Хуросони ДОИШ масъулияти таркиши маргталабонаро дар шимолуғарби Покистон ба ӯҳда гирифт. Дар ин ҳодиса дастикам 54 кас куштаву 100 кас маҷрӯҳ гардид
31 июли соли 2023 Шохаи Хуросони ДОИШ масъулияти таркиши маргталабонаро дар шимолуғарби Покистон ба ӯҳда гирифт. Дар ин ҳодиса дастикам 54 кас куштаву 100 кас маҷрӯҳ гардид

Гузориши нави Департаменти давлатӣ, ки 1-уми декабр нашр шуд, мегӯяд, соли 2022 Эрон ҳамоно кишвари пешбарандаи терроризми ҷаҳонӣ боқӣ монда чандин ҳодисаи террористиро дар Африқо, Осиё, Аврупо ва Амрико маблағгузорӣ кардааст. “Гузориш оид ба терроризм” мегӯяд, дар Ховари Миёна Эрон ҳамоно аз “Ҳизбуллоҳ” - як гурӯҳе, ки онро Вашингтон соли 1997 террористӣ номидааст, пуштибонӣ мекунад.

Эрон инчунин ба “Ҳамос” ва гурӯҳҳои дигари террористии фаластинии мисли “Ҷиҳоди исломӣ” ва “Ситоди кулли Ҷабҳаи мардуми озодии Фаластин” силоҳ медиҳад, омадааст дар гузориши Департаменти давлатӣ.

Гузориш мегӯяд, “ин гурӯҳҳо масъулияти ҳамлаҳои маргбореро ба ӯҳда доранд, ки дар Ғаззаву Каронаи ғарбӣ рух додаанд”. Эрон ҳамчунин ба гурӯҳҳои ифротгаро дар Баҳрайн, Ироқ ва Сурия кӯмак карда, нирӯҳои Қудси марбут ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ба навиштаи гузориш, созмонҳои террористиро бо ҳадафи эҷоди бесуботӣ дар минтақа пуштибонӣ мекунанд.

"Дар бораи эътирофи Толибон ҳанӯз тасмиме нест"

Дар Афғонистони зери назари Толибон, ба хулосаи гузориши Департаменти давлатӣ, соли 2022 аъзои гурӯҳҳои Ал-Қоида, Давлати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои террористии минтақавӣ фаъол буданд, ҳарчанд Толибон ӯҳдадор шуданд, ки баъди соли 2021 тарки кишвар кардани нирӯҳои байналмилалии ба раҳбарии ИМА аз истифодаи хоки ин кишвар барои ҳуҷум ба ИМА ва муттафиқонаш пешгирӣ хоҳанд кард.

Гузориш, аз ҷумла, мегӯяд, тавонмандии Толибон барои хатми пурраи фаъолиятҳои Ал-Қоида, шохаи Хуросони гурӯҳи Давлати исломӣ ваё Таҳрики Толибон маълум нест.

Шохаи Хуросони гурӯҳи Давлати исломӣ, ки бовар меравад дар ҳайаташ зодагони Осиёи Марказӣ ҳам ҳастанд, ба навиштаи гузориш, соли 2022 ҳам ҳамлаҳои террористие алайҳи Толибон ва мардуми осоишта дар Афғонистон анҷом додааст. Ба вижа, ин гузориш алайҳи аъзои ҷомеаи шиаҳои Афғонистон амал карда, ҳамлаҳои фаромарзие дар хати сарҳад бо Покистон, Тоҷикистон ва Узбекистон анҷом додааст.

Гузориш таъкид кардааст, ки мақомот дар ИМА ҳанӯз ба хулосае наомадаанд, ки ҳукумати Толибонро ба расмият бишиносанд ё на, чун маҳз Толибон ба Аймон Аз-Завоҳирӣ, раҳбари пешини Ал-Қоида дар Кобул сарпаноҳ дода буданд. Пинҳонгоҳи ӯро дар ҳамлаҳои ҳавоии июли соли 2022 маҳз амрикоиҳо маълум ва нобуд карда буданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG