Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон қонуни тағйири парчамро пазируфт


Парчами ҳозираи Қирғизистон (аз чап) ва парчами нав (аз рост)
Парчами ҳозираи Қирғизистон (аз чап) ва парчами нав (аз рост)

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 29-уми ноябр лоиҳаи қонунро дар бораи тағйири парчами давлатии он кишвар дар қироати аввал қабул карданд. Аз лоиҳа 66 вакил ҷонибдорӣ карда, 8 нафар зид баромадааст.

Достон Бекешев, яке аз вакилоне, ки ба зидди тағйири парчами давлатии Қирғизистон раъй дод, гуфт, "ягон парчам монеи рушди кишваре нашудааст".

Пештар намояндаи президент ва девони вазирон дар порлумони Қирғизистон Алмосбек Абитов ҳангоми баррасии санад гуфта буд, ки девон аз ин иқдом пуштибонӣ мекунад.

“Агар шумо лоиҳаи қонунро қабул кунед, мо онро амалӣ хоҳем кард. Дар сурати ворид шудани ин тағйирот аз буҷаи давлат хароҷоти зиёд талаб намешавад”, - афзуд ӯ.

Вакили порлумон Достонбек Ҷумъабеков хост, дар робита ба тағйири парчами он кишвар раъйпурсӣ гузаронида шавад.

Тағйири акси нурҳои офтоб дар парчами Қирғизистонро моҳи октябр Улан Примов ва раиси порлумони он кишвар Нурланбек Шакиев пешниҳод карда буданд.

XS
SM
MD
LG