Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади як тоҷики кушташуда дар ҷанги Украина ба ватан оварда шуд


Субҳиддин Қаноатов.
Субҳиддин Қаноатов.

Субҳи имрӯз, 24-уми ноябр ҷасади як зодаи Тоҷикистонро, ки ду моҳ пеш аз ҷониби Русия ба ҷанги Украина рафта буд, ба ватан оварданд.

Субҳиддин Қаноатов, сокини 42-солаи деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент охири моҳи август ба сафи артиш ҷалб шуда, баъди якуним моҳи тамрин, нимаҳои моҳи октябр ба вилояти Харкови Украина фиристода шуд.

Яке аз наздиконаш рӯзи 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Субҳиддин шаҳрвандии Русияро дошт ва 20 соли ахир ҳамроҳ бо хонаводааш дар Русия кору зиндагӣ мекард.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ин зодаи Тоҷикистон баъд аз ҷалб шуданаш ба ҷанг як гуруҳи 28-нафараеро дар бахши иктишоф ё разведка роҳбарӣ мекард.

Ба нақли пайвандонаш, гурӯҳе, ки Субҳиддин раҳбарӣ мекард, рӯзи 3-юми ноябр дар пайи ҳамлаи дронҳо дар вилояти Харков кушта шуданд.

Субҳиддин Қаноатов падари чаҳор фарзанд буд ва аз замони ба Русия рафтан то ҷалб шуданаш ба ҷанг алайҳи Украина, ба ҳайси "сантехник" кор мекардааст.

Ҳоло ҷасади ӯро ба манзили волидонаш дар деҳаи Артучи Панҷакент бурданд ва қарор аст имрӯз ба хок супорида шавад.

Шеваи ҷалби сокинон ба ҷангро аксаран дар дохили Русия ва дар хориҷ аз он танқид мекунанд. То имрӯз номи даҳҳо шаҳрванд ё зодагони Тоҷикистон, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шуданд, расонаӣ шудааст.

Ҳатто тариқи ширкати “Вагнер” теъдоди зиёде аз маҳбусони тоҷик дар Русия низ ба ҷанг ҷалб шуда буд. Мақомоти тоҷик ҷалби беш аз 100 маҳбус ба ҷангро тасдиқ карда буданд. То кунун хабари марги беш аз сад шаҳрванд ва зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст. Омори расмии ҷалби тоҷикон дар ин ҷанг ва кушта шудани онҳо ҳеҷ ҷое эълон нашудааст.

Русияро барои талоши ишғоли Украина аксари кишварҳои дунё танқид ва таҳрим кардаанд. Низомиёни рус охири моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла карданд ва ин ҷанг то кунун идома дорад.

XS
SM
MD
LG