Радиои Озодӣ бо ҷузъиёти ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эронро дар бораи бекор кардаи низоми раводид шинос шуд. Ин санад ду ҳафта пеш дар ҷараёни сафари Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Душанбе имзо шуда буд.
Матни ин ёддошти тафоҳумро махзани ягонаи ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст. Дар оғоз ҳадаф аз имзои санад, “рушди муносибатҳои дӯстона байни мардумони ду кишвар” гуфта шудааст.
Банди аввали ин ёддошт пешбинӣ кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд бидуни раводид то 30 рӯз ба кишварҳои ҳамдигар сафар карда, то ин муддат иқомат дошта бошанд. Сафари бидуни раводид бо мақсадҳои тиҷоратӣ, корӣ, сайёҳӣ ва ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон имконпазир аст. Аммо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон, ки барои таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ва фаъолияти матбуотӣ мехоҳанд ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд, бояд раводид гиранд.
Видеоро инҷо бинед:
Як шарти вуруд ин аст, ки шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандон бояд на камтар аз 6 моҳ эътибор дошта бошад.
Банди 4-и ин ёддошти тафоҳум пешбинӣ мекунад, ки Тоҷикистон ва Эрон ҳақ доранд, “бидуни шарҳ вуруди шахсони номақбулро рад намоянд ё истиқомати онҳоро дар ҳудуди худ қатъ намояд.” Дар пешнависи созишнома аз ин бештар шарҳ дода нашудааст.
Дар санад ҳамчунин омадааст, Душанбе ва Теҳрон метавонанд амали тафоҳумномаро “пурра ё қисман бо сабаби таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти миллӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ муваққатан боздоранд.”
Аммо ин ёддошти тафоҳум аст ва созишномаи ниҳоӣ дар бораи бекор кардани низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон то ҳол имзо нашудааст. Аз ин рӯ то ҳол миёни Душанбе ва Теҳрон низоми раводид амал мекунад. Дар ёддошти тафоҳум омадааст, низоми бидуни раводид баъди гузаштани расмиёти дохилидавлатӣ ба иҷро медарояд. Аз ҷумла созишнома бояд аз ҷониби порлумонҳои ду кишвар тасвиб шавад.
Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз амал мекунад. Даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади сайёҳат, табобат ва ҳадафҳои дигар ба Эрон мераванд. Қаблан фаъолони тоҷику эронӣ пешниҳод карда буданд, ки раводид миёни ду кишвар бардошта шавад. Онҳо гуфта буданд, ки дар ин сурат ҳазорон эронӣ ҳамчун сайёҳ ба Тоҷикистон хоҳанд омад.
Гуфтугӯ