Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши паҳлавонони тоҷик барои ҷоизаҳои қаҳрамонии кураши ҷаҳон


Як варзишгари тоҷик
Як варзишгари тоҷик

Дар мусобиқоти қаҳрамонии кураши ҷаҳон, ки аз 23-юм то 28-уми ноябр дар пойтахти Туркманистон - шаҳри Ашқобод – баргузор мешавад, ҳафт варзишгар аз Тоҷикистон ширкат меварзад.

Дар чордаҳумин давраи ин мусобиқоти ҷаҳонӣ иштироки беш аз 480 нафар, аз он ҷумла зиёда аз 200 варзишгар аз 53 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Рақобатҳо аз рӯи 15 вазн (7 вазн миёни мардон ва 8 вазн миёни занон) сурат мегирад.

Ба иттилои Федератсияи кураши Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар инҳо дохиланд: Муслимбек Каримов (-60 кг), Хайрандеш Муродзода (-66 кг), Наврӯзи Каримзод (-73 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-81 кг), Ҳақназар Назаров (-90 кг), Фирдавс Насимов (-100 кг) ва Хуршед Маҷидов (+100 кг).

Зимнан, дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, ду паҳлавони тоҷик - Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров - дар риштаи кураш бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ба Муродзода ва Назаров барои ин дастовардашон бо қарори раиси шаҳри Душанбе хонаи якҳуҷрадор тақдим гардид.

Кураш гуштии камарбандии суннатии мардуми туркзабон аст, ки дар Осиёи Марказӣ пайдо шудааст.

Ин ҳунари муҳорибавӣ таърихи тӯлонӣ дорад, ки онро ба яке аз маъмултарин намудҳои варзиш дар минтақа табдил додааст.

Солҳои охир ин намуди варзиш дар бисёр кишварҳои ҷаҳон рушд мекунад ва дар ҳамин ҳол 118 федератсияи миллӣ аз Осиё, Африқо, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, инчунин Уқёнус ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии кураш пазируфта шудаанд.

Кураш дар Тоҷикистон низ маъмул аст. Варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар қаҳрамонии ҷаҳон панҷ нишони тилло ба даст оварда, ҳамчунин шаш нафари дигар ҷоизадор гаштаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG