Ин омори тозаи созмони Freedom Finance Global аст, ки дар пайи пурсиши 1200 сокини Тоҷикистон ба даст омадааст. Сокинони Тоҷикистон ҳамзамон ба ин назаранд, ки шароити иқтисодӣ дар кишвар беҳбуд ёфтааст. Ин назарпурсии созмон то куҷо метавонад воқеият дошта бошад? Хабарнигорони Радиои Озодӣ назари сокинони Душанберо дар ҳамин маврид пурсиданд.
БАЪЗЕ ПОСУХҲОРО ИНҶО ХОНЕД:
- Ҳоло дар ин солу замон имкони хариди ҳама чиз имкон надорад. Маош кам аст аз ҳамин ҳисоб, барои ин ҳоло фақат имкони хариди маҳсулоти ғизоӣ ва баъзан ҷиҳози хонаро дорем.
- Не, аз куҷо ин имконият? Инҷо кори хуб нест, ман дар Русия кор мекунам ҳама чизи заруриро харидорӣ карда наметавонам. Инҷо фақат кор карда барои пеш бурдани зиндагӣ сарф мекунем. Агар бигӯед, ки хона мехарам ё мошин, ба ин чизҳо имкон нест. Албатта ман худамро дар назар дорам.
- Албатта метавонам. Кор мекунед ва ҳар чизе дилатон хост харида метавонед, чаро не?
- Ман ҳоло донишҷуй ҳастам, имкон надорам. Вале шояд вақте диплом гирам, баъд имкон пайдо мешавад, ки ман ҳар чизе дилам мехоҳад, харида тавонам.
- Маблағ бошад, ҳама чизро харида мешавад. Баробар бо тавоноии худ метавонем.
- Дар ҳоли ҳозир имконияти пурра надорам ки дилхоҳ чизро харидорӣ кунам. Барои мисол, ман маҳсулоти хурокворӣ ва мошин харида метавонам, аммо барои харидани хона ҳоло имкон вуҷуд надорад.
- Маоши миёна дар Тоҷикистон агар бо доллар ҳисоб мекунем аз 100 то 150 доллар аст. Барои мисол ман соҳибкори инфиродӣ ҳастам ва ҳар моҳ қариб то 150 доллар андоз месупорам. Бо ин вуҷуд ман ҳоло имконе надорам ки дилхоҳ чизро харидорӣ кунам.
Гуфтугӯ