Ин бозии гурӯҳи G шоми панҷшанбеи 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар нимаи аввали дидор бозигарони мунтахаби Тоҷикистон фаъол буданд. Урдуниҳо бошанд, бештар ба хатти дифоъ таваҷҷуҳ мекарданд.
Аммо ҳарчанд футболбозони ҳарду даста лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, муваффақ нашуданд.
Нимаи дувуми бозӣ ранги дигар гирифт. Тӯб бештар дар ихтиёри урдуниҳо буд.
Дар охири нимаи дувуми дидор тамошогарон шоҳиди ду гол шуданд. Нахуст мизбонон ҳисобро кушоданд. Ҳуҷуми мунтахаби Тоҷикистонро ҳамлагар Шаҳром Самиев дар дақиқаи 89-ум бо гол анҷом дод. Вай тӯбро аз назди дарвоза ба ҳадаф расонд.
Вале дар се дақиқаи ба замони асосии дидор изофакардаи сардовари бозӣ Алӣ Сабоҳ Аддай Ал-Қайсӣ аз Ироқ ба урдуниҳо муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намоянд.
Голи задаи онҳо ба голи мизбонон шабоҳат дошт. Язан Ал-Наймат тӯби ба ӯ ирсолкардаи ҳамдастаашро аз масофаи наздик ба тӯри дарвозаи мизбонон равон карда, ҳисобро баробар намуд.
Бояд гуфт, ки маҳорати баланди дарвозабонҳо Рустам Ятимов ва Язид Абулайло ҳарду дастаро борҳо аз гол эмин лошт.
Ба ин тартиб, мунтахаби Урдун бо раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Амутаи 51-сола, мутахассиси марокашӣ, дар сафар як имтиёз гирифт.
Аммо мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, дар майдони худ ду имтиёзро аз даст дод.
Мусовӣ шудани натиҷаи ин бозӣ интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар Тоҷикистон ба миён овард.
Зимнан, тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун дар таърихи худ бо ҳам панҷ бозӣ кардаанд, ки дутоаш дӯстона буд. Дар се дидор урдуниҳо, дар як бозӣ футболбозони тоҷик пирӯз гаштаанд ва бозии панҷум мусовӣ шуд.:
Дар ҳамин ҳол мунтахаби Урдун дар радабандии FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) дар байни 207 кишвар дар ҷойгоҳи 82-юм ва Тоҷикистон дар зинаи 109-ум қарор доранд.
Бозии дигари даври аввали марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи G миёни тимҳои миллии Арабистон Саудӣ ва Покистон шаби панҷшанбеи 16-уми ноябр дар варзишгоҳи Al-Fateh Club Stadium (Al Hofuf) соати 21:30 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар 24 бозигар даъват шудааст, ки нӯҳ нафарашон легионеранд, даҳ нафар аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва якнафарӣ аз панҷ бошгоҳи дигари лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошанд.
Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 ба гурӯҳи G шомил аст, рақибонаш ба ғайр аз Урдун, тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Покистон мебошанд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми мусобиқот рӯзи сешанбеи 21-уми ноябр дар шаҳри Исломобод бо тими миллии Покистон бозӣ мекунад.
Марҳилаи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар нӯҳ гурӯҳ сурат гирифтааст. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи севуми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Мусобиқоти интихобӣ
Марҳилаи дувум. Гурӯҳи G
Даври 1-ум
Тоҷикистон – Урдун – 1:1
Голҳо: Шаҳром Самиев, 89 (1:0), Язан Ал-Наймат (90+3 (1:1).
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучехр Сафаров, Ваҳдат Ҳанонов, Аҳтам Назаров (сарвони даста, Табрез Исломов, 77),
Парвизҷон Умарбоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 90+3), Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 74).
16-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи G
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Тоҷикистон |
1 |
0 |
1 |
0 |
1-1 |
1 |
2. |
Урдун |
1 |
0 |
1 |
0 |
1-1 |
1 |
3. |
Арабистони Саудӣ |
0 |
0 |
0 |
0 |
0-0 |
0 |
4 |
Покистон |
0 |
0 |
0 |
0 |
0-0 |
0 |
Даври 2-юм
21-уми ноябр (сешанбе)
Покистон - Тоҷикистон
Урдун – Арабистони Саудӣ
Гуфтугӯ