Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юриши артиши Исроил ба калонтарин бемористони Ғазза


Артиши Исроил эълон кард, ки нерӯҳои он кишвар вориди бемористони  "Аш-Шифо" дар Ғазза шудаанд. Ин бемористон тайи чанд рӯзи ахир дар муҳосираи артиши Исроил қарор дошт.

Субҳи чаҳоршанбе артиши Исроил гуфт, ки нерӯҳояш дар ҳоли анҷоми "амалиёти дақиқ ва ҳадафманд алайҳи Ҳамос дар як минтақаи мушаххас"-и бемористони "Аш-Шифо" ҳастанд. Баёнияи артиши Исроил маълумоти бештаре намедиҳад

Ин баёния меафзояд, ки Исроил "ба мақомоти зидахл дар Ғазза як бори дигар ҳушдор дода буд, ки ҳама иқдомҳои низомии худ дар бемористонро бояд давоми 12 соат қатъ кунанд, аммо мутаассифона ин дастурро нодида гирифтанд".

Артиши Исроил мегӯяд, қароргоҳи амалиётии "Ҳамос" дар зери ин бемористон қарор дорад. "Ҳамос" ин иттиҳомро рад кардааст.

Ин гурӯҳ дар баёнияе гуфтааст, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико масъули иқдомҳои низомии Исроил дар бемористони "Аш-Шифо" аст. Баёнияи "Ҳамос" мегӯяд, "мо Исроил ва Байденро масъули комили ҳамла ба маҷмаи тиббии "Аш-Шифо" медонем".

Аммо Кохи Сафед гуфтааст, ки ҳаргиз аз ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоӣ ба бемористонҳо ва ҷанг дар дохили онҳо пуштибонӣ намекунад ва беморон бояд ҳимоят шаванд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз сухангӯёни Вазорати тандурустии Ғазза зери назорати "Ҳамос" ҳам таъйид кард, ки нерӯҳои артиши Исроил вориди бемористони "Аш-Шифо" шудаанд. Ашраф Ал-Фийдаҳ афзуд, ки ҳамакнун нерӯҳои исроилӣ дар дафтари раиси бемористон ҷобаҷо шудаанд. Ин сухангӯ афзуд, ки мақомоти Ғазза дар ин бора ба Салиби Сурхи ҷаҳонӣ ҳушдор додаанд.

Бо оғози амалиёти артиши Исроил дар бемористони "Аш-Шифо" дар Ғазза, садҳо нафар бо "шароити фоҷеабор" рӯбарӯ ҳастанд.

Шабакаи телевизионии CNN иттилоъ медиҳад, ки тибқи охирин хабарҳо, ҳанӯз садҳо нафар аз кормандони ин бемористон ва беморон дар дохили ин шифохона ҳастанд. Чандин ҳазор нафари дигар, ки аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил ба инҷо паноҳ бурдаанд, низ дар дохили ин бемористон ҳастанд.

Яке аз хабарнигорони шабакаи телевизиониии "Ал-Арабия", ки дар дохили бемористон аст, ба CNN гуфт, мардум бинобар ҷанги сахте, ки ҷараён дорад, метарсанд фирор кунанд.

Мудири умумии вазорати тандурустии Ғазза, ки таҳти назорати "Ҳамос" аст, рӯзи душанбе гуфт, ки кормандони бемористони "Аш-Шифо" дастури артиши Исроилро барои холӣ кардани бемористон рад кардаанд, зеро метарсанд, ки берун рафтани онҳо боис шавад ҳудуди ҳафсад беморе, ки онҷо мондаанд, бимиранд.

Вай ба шабакаи CNN гуфтааст, "мушкил табибон нест, балки беморон аст. Агар беморон онҷо бимонанд, хоҳанд мурд ва агар ҳам ба ҷои дигаре интиқол дода шаванд, боз дар масири роҳ хоҳанд мурд. Мушкил ин аст. Мо дар бораи ҳудуди 700 нафар гап мезанем".

Яке аз табибони ҳозир дар бемористони "Аш-Шифо" ба CNN гуфтааст, ки сӣ дақиқа қабл аз оғози амалиёти артиши Исроил дар субҳи чаҳоршанбе, ба онҳо ҳушдор дода шуд.

Ҷанг дар Ғазза 7-уми октябр дар пайи ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. "Ҳамос" дар ин ҳамла 1200 исроилиро кушт ва беш аз 240 нафари дигарро бо худ ба Ғазза бурд. Дар пайи ҳамлаҳои Исроил дар 40 рӯзи ҷанг беш аз 11 ҳазор нафар фаластинӣ кушта шудаанд, ки бештари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд. Амалкардҳои Исроил интиқодҳои зиёдеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бор овардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG