Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киҳо ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон дохил шуданд?


Бозигарони дастаи футболи Тоҷикистон
Бозигарони дастаи футболи Тоҷикистон

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати тими миллиро барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо мунтахабҳои Урдун ва Покистон эълон кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар - даъват шуданд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол», Душанбе), Далерҷон Баротов («Истаравшан», Истаравшан);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучехр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан», Кӯлоб);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Айнӣ (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА, Душанбе);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот», Фархор).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Тибқи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 ба гурӯҳи G шомил аст ва рақибонаш тимҳои миллии Арабистони Саудӣ, Урдун ва Покистон мебошанд.

Аввалин бозии футболбозони тоҷик дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 бо тими миллии Урдун рӯзи панҷшанбеи 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад.

Дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Урдун дар таърихи худ бо ҳам чаҳор бозӣ кардаанд. Дар се дидор урдуниҳо ва дар як бозӣ футболбозони тоҷик пирӯз шудаанд.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Урдун дар радабандии FIFA дар байни 207 кишвар дар зинаи 82-юм ва Тоҷикистон дар зинаи 109-ум қарор доранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо 10-уми ноябр дар шаҳри Душанбе шуруъ мекунад.

Бояд гуфт, ки мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2026 аз панҷ марҳила иборат аст. Дар марҳилаи аввал, ки ба анҷом расид, 20 дастаи рейтингашон паст дар радабандии FIFA бо ҳам ду бозӣ карданд ва даҳ тими ғолиб ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт.

Аз он ҷумла мунтахаби Покистон, ки тими Камбоҷаро шикаст дод, ба гурӯҳи G пайваст. Мунтахаби Тоҷикистон бо ин даста 21-уми ноябри имсол дар даври дувум дар шаҳри Исломобод рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои боқимондаи ин гурӯҳ соли 2024 доир мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даврҳои севуму чаҳорум бо тими миллии Арабистони Саудӣ 21-уми март дар меҳмонӣ ва 26-уми март дар хона бозӣ мекунад.

Ду бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон 6-уми июн бо дастаи Урдун дар сафар ва 11-уми июн дар Душанбе бо тими Покистон барпо мегардад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи севум роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG