То рӯзи душанбе ду қатори фурӯши маҳсулоти кишоварзиву ширии мавриди баҳси тоҷирону мудирияти бозор тахриб шуда фурӯшандагон ба минтақаи дигаре нақли макон карданд.
Барномарезӣ барои сохти мағозаҳои нав дар макони тахрибшуда дар ҳоли анҷом ёфтан аст. Дар миёни фурӯшандагоне, ки аз нуқтаи савдои пешинаашон маҳрум шуда акнун бояд дар нуқтаи нав барои худ ҷое созмон бидиҳанд, Бибисоро Давлатова ҳам ҳаст. Хонум Давлатова, ки бист соли охир аз ҳисоби фурӯши чаккаву қурут рӯзии оилаашро таъмин мекунад, аз он нигарон аст, ки ӯро аз ҷои нав ҳам маҳрум мекунанд. Аз даст додани макони одатшудаи кор барои ӯ ва бисёр дигар тоҷирон ҳаммаънои аз даст додани муштарӣ ва даромад аст, даромаде, ки бисёр вақт рӯзии ҳаминрӯзаи хонаводаҳои онҳоро таъмин мекунад.
“Ман аз ҳамон одамони боақл, аз ҳамон одамони дар сари миз мешиштагиҳо хоҳиш мекунам - падарам бошад, модарам бошад, бародарам ё фарзандам аст, ҳаминҳо ба ҷигари сӯхтаи ман раҳм кунанд, то як ҷои хубам диҳанд, ки то рӯзи мурданам як тикка нонамро ёфта хӯрам”, - тавалло кард Давлатова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.
Роҳбарияти бозор мегӯяд, тасмим гирифтааст бо савдогарони ин бозор шартномаҳои нав имзо кунад.
Ёқубҷон Ҷумъаев, яке аз дигар тоҷирони аз нуқтаи пешинаи кораш маҳрумшуда ҳоло макони навашро дуруст дорад. Ба Ёқубҷон ваъда додаанд, ки дар макони нав бо ӯ низ шартнома мебанданд. Ӯ мегӯяд, ҷузъиёти зиёди шароити нави корро намедонад, танҳо барояш ваъда додаанд, ки шартномаи нав имзо мекунанд.
Зоҳиран, нигаронии тоҷирон аз ношаффоф будани ҷараёни баъдии кор, аз ҷумла, шарту шурути дар шартномаҳои нав пешниҳодшаванда мебошад.
Баҳси тахриби макони фурӯшандаҳо як ҳафта пеш оғоз шуд. Раҳбарияти бозор аз савдогарон тақозо кард, ки ҷояшонро холӣ кунанд. Ба гуфтаи савдогарон, макони онҳо ба як соҳибкори дигаре дода шудааст. Ин қарор боиси баҳс ва эътирози савдогарон шуд.
Онҳо дар як номаи дастаҷамъӣ ба ҳукумати Кӯлоб шикоят бурданд.
Бархе тоҷирон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳое ҳам, ки барои кор дар рафҳои нави бозор ҷой дода шудаанд, шубҳа доранд, ки он барои дарозмуддат аст ва тарс доранд, ки ин маконҳо муваққатӣ буда соҳибони худро доранд.
Аксар тоҷироне, ки ҳоло маконашон тахриб шудааст, собиқаи 20-солаи кор дар ҳамин ҷою маконро доранд. Ҳоло онҳо мунтазири пешниҳоди шартномаҳои нави мудирияти бозор ҳастанд, то бубинанд, чӣ шароите барояшон фароҳам мешавад.
Акбар Алимов, раиси бозори “Саховат”-и Кӯлоб мегӯяд, “Ҳамин рӯз ҳамаашро шартнома мекунам ва ҳамон маконҳое, ки худашон нишастаанд, дигар дар ҳамонҷо ба фурӯш машғул мешаванд.”
Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон ба ҷойгир буда, 250 ҳазор аҳолӣ дорад ва сеюмин шаҳри бузургтарини кишвар мебошад. Дар ин шарҳ корхонаву муассисаҳои истеҳсолии зиёде нест ва бештари сокинон маҳз аз роҳи кор дар бозор ва иддае аз роҳи кишоварзӣ даромади хонаводаҳои худро таъмин мекунанд. Бақия сокинон дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд.
Гуфтугӯ