Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Метарсӣ, ки нархи меваро бипурсӣ" ВИДЕО


Гаронии нархи мева дар бозорҳои Тоҷикистон баъзе аз сокинонро нигарон кардааст.

Нархи як кило себ, ки соли гузашта панҷ-шаш сомонӣ буд, ҳоло ба тақрибан ду баробар ва бештар аз он фурӯхта мешавад. Тоҷирон мегӯянд, имсол ҳосил хуб нест ва меваро аз кишоварзон қимат мехаранд. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ гуфтанд, баръакс, савдогарону миёнаравҳо бори онҳоро арзон мегиранд.

"Дуним сомонӣ додем, вале..."

Боғпарвари тоҷик, Қурбонмурод Баротов, ҳар кило себро ба таври яклухт бо арзиши дувуним сомонӣ ба тоҷирон мефурӯшад. Чизе, ки дар бозор арзиши он 10-15 сомонист.

"Рости гап, себро яклухт, калону майда якҷоя, ба дуним сомонӣ медиҳем. Дар бозор ҳар килояш понздаҳ сомонӣ аст. Дар шаҳр будам, инро бо чашми худ дидам," – нақл кард ӯ рӯзи дувуми ноябр.

Дар хоҷагии деҳқонии "Қурбонмурод-2006", дар тақрибан сикилометрии Душанбе, меваҳои гуногун, аз ҷумла себу ноку шафтолу ва гелос мепарваранд. Баъзе аз кишоварзон гуфтанд, маҳсули меҳнаташонро дар сари замин мефурӯшанд, зеро то шаҳр бурдану савдо дар дохили бозор осон нест.

Имсол танҳо нархи себ боло нарафтааст. Дар бозорҳои Душанбе як кило ангур аз 15 то 40 сомонӣ, нок аз 25 то 30 ва хурмо 10 сомонӣ арзиш доранд. Масъулони баъзе аз бозорҳо иддао доранд, ки нархи мева тағйир накарда.

"Нархи тамоми меваҳое, ки ватанӣ ҳастанд, тағйир наёфтааст. Аз тарафи мутахассиони бозор ба танзим дароварда мешавад, то тоҷирон ба таври сунъӣ нархро боло набаранд,” – гуфт Мастон Шарифов, муовини мудири бозори “Деҳқон” дар Душанбе.

Сабаб чист?

Тоҷирон чизи дигар мегӯянд. Қурбон Сафаров, фурӯшандаи мева, гуфт: "Тасдиқ мекунам, ки ба сабаби сардии ҳаво бисёре аз дарахтон осеб диданд, ҳосили хуб надоданд, аз ин рӯ нарх афзуд. Гаронии сӯзишворӣ низ зам шуд.”

Ба гуфтаи бозоршинос, Абдураҳмон Ҳакимзода, дар баробари номусоидии боду ҳаво, омилҳое дигаре низ ҳаст, ки ба нархи мева таъсир гузошт. “Гаронии нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо, содироти баъзе аз меваҳо ба хориҷи кишвар ва назорати сусти Хадамоти зиддиинҳисорӣ,” – номбар кард ӯ.

Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз шарҳи мавзуъ худдорӣ карданд. Тамосҳои батакрори мо то лаҳзаи нашри гузориш бенатиҷа монд.

Дар сомонаи Вазорати кишоварзӣ навиштаанд, ки то охири моҳи октябр беш аз 430 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ шуд. Нисбат ба соли гузашта бештар, вале дар муқоиса ба соле пеш гаронтар. Ба ҳадде, ки ба қавли Абдусаттор Собиров, сокини шаҳри Душанбе, “метарсӣ, ки нархи меваро пурсӣ.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Чаро дар бозорҳои Тоҷикистон нархи мева боло рафт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG