Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мардуми камбағал ба куҷо равад?" Норозигии гуруҳе аз тоҷирон дар Кӯлоб. ВИДЕО


Тоҷирон мегӯянд, онҳоро аз ягона манбаи даромад маҳрум мекунанд
Тоҷирон мегӯянд, онҳоро аз ягона манбаи даромад маҳрум мекунанд

Гурӯҳе аз тоҷирони бозори “Саховат”-и Кӯлоб ба тасмими масъулони бозор эътироз доранд. Аз онҳо хоста шудааст, ки ҳарчи зуд нуқтаи савдоро холӣ кунанд. Тоҷирон мегӯянд, бозор ягона манбаи даромади онҳо аст ва ҳоло ба куҷо бираванд ва рӯзии худу фарзандонро ёбанд.

«Моро раис даъват кард. Рафтем. Шогирдаш омаду гуфт, ки ҷойҳоятонро худатон ёбед. Ман ба пеши раис ду бор бо арзу шикоят рафтам. Модари танҳоям, шароит надорам, куҷо равам, як тикка нони қоқро аз ҳаминҷо меёбам,» -- гуфт Бибисоро Давлатова, савдогари бозори “Саховат”-и Кӯлоб.

Фурӯшандаҳо дар як номаи дастҷамъӣ ба ҳукумати Кӯлоб шикоят бурдаанд, ки аб мушкили онҳо расидагӣ кунад. Зери он 40 нафар имзо гузоштааст.

Масъулони бозор иддаои савдогаронро беасос мехонанд. Раиси бозор мегӯяд, «танҳо шаш савдогар аз ҷояш хезонда мешавад». Ӯ ҳангоми супурдани огоҳинома гуфт, ҳеҷ касро аз бозор пеш нахоҳанд кард.

«Маро прокурор даъват кард ва гуфт, ки бару огоҳинома диҳ. Инҳо имзо накарда истодаанд,» -- гуфт Акбар Алимов, раиси бозори “Саховат”-и Кӯлоб.

Савдогарон мегӯянд, бо маҳрум шудан аз нуқтаи фурӯш дигар намедонанд ба куҷо раванд. Аз ҷумла Анварбӣ Насимова, ки бо фурӯши чаккаву хӯриш зиндагияшро пеш мебарад.

Ӯ гуфт: “Мегӯянд, соҳибкорони хурду миёнаро дастгирӣ кунед. 30 сол мешавад, ки дар бозор мешинам. Нонамон аз ҳамин ҷост. Имрӯз мегӯянд, ки ҷойро холӣ кунед.”

Бори аввал нест, ки дар Кӯлоб савдогарон аз тасмими раисони бозор эътироз мекунанд. Моҳи майи имсол дар пайи тасмими ҳамсон савдогарони бозори «Лола» низ эътироз карда буданд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Норозигии гуруҳе аз тоҷирони "Саховат" дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG