Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи 90 кило нашъа дар марзи Узбекистон бо Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти амниятии Узбекистон гуфтаанд, дар як минтақаи сарҳадии ин кишвар бо Тоҷикистон миқдори зиёди маводи мухадир ёфта, мусодира карданд.

Мақомоти амниятии Узбекистон гуфтаанд, дар як минтақаи сарҳадии ин кишвар бо Тоҷикистон миқдори зиёди маводи мухадир ёфта, мусодира карданд.

Ба навиштаи сомонаи “Подробно”, гап дар бораи тақрибан 90 кило маводи мухаддир меравад.

Дар пайванд ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хадамоти амнияти Узбекистон дар эъломияе гуфт, “миқдори зиёди маводи нашъаовар аз Тоҷикистон оварда шудааст.”

Ба иттилои манбаъ, онро дар амалиёти якҷоя бо нерӯҳои сарҳадии Узбекистон дар вилояти Сурхондарё ёфтанд.

“Дар қитъаи сарҳади давлатии Узбекистону Тоҷикистон, ки аз ҳудуди ҷамоати Чашмаи ноҳияи Сариосиё мегузарад, беш аз 39 кило ҳероин, беш аз 35 кило афюн ва зиёда аз 14 кило ҳашиш ёфт шуд,” – афзудааст манбаъ.

Ҷониби Тоҷикистон хабарро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG