Пулиси Қазоқистон даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дар ноҳияи Сариоғочи вилояти Туркистони ин кишвар дастгир кардааст.
Як муҳоҷири тоҷик гуфт, боздошти муҳоҷирон аз рӯзи 25-уми октябр авҷ гирифт.
“Гурӯҳеро барои надоштани иҷозаи корӣ аз Қазоқистон ронда, бархеи дигарро барои тамдид накардани ҳаққи иқомат 87 ҳазор сом, ҳудуди 200 доллари амрикоӣ, ҷарима бастанд,” – афзуд ҳамсуҳбати мо ба шарти фош нашудани мо.
Пас аз ихроҷи ҳазорон муҳоҷири тоҷик аз Русия бархеи онҳо дар Қазоқистон ҷойи кор пайдо карданд. Чанд моҳи охир санҷиши будубоши муҳоҷирон дар ин кишвари Осиёи Миёна низ сахттар шудааст.
Мақомот муҳоҷиронро гунаҳкор мекунанд, ки барои дуруст кардани санадҳояшон талош надоранд. Бархе сабабро фишор барои коҳиши вуруди муҳоҷирон ба ин кишвар медонанд.