Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Русия рутбаву унвонҳои илмии ҳамдигарро эътироф мекунанд


Дарси биологияву химия дар як муассисаи таълимии Русия
Дарси биологияву химия дар як муассисаи таълимии Русия

Вазорати маориф ва илми Русия рӯзи 20-уми октябр гуфт, созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия дар бораи эътирофи мутақобилаи рутбаву унвонҳои илмӣ ба иҷро даромад, чун тамоми ҷараёнҳои зарурии ҳуқуқӣ дар ин замина ба анҷом расидааст.

Дар изҳороти вазорати маориф ва илми Русия омадааст, ки ин санад барои рушди ҳамкориҳову додугирифтҳои илмии ду кишвар мусоидат мекунад. Маросими имзои созишнома дар бораи эътирофи унвонҳои илмии донишмандони Русияву Тоҷикистон 3 марти соли ҷорӣ дар Душанбе бо ширкати вазирони маорифи ду кишвар Валерий Фалков ва Раҳимҷон Саидзода баргузор гардид.

Ин дар ҳолест, ки мавзӯи унвонҳои илмӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари фошкориҳои пайвастаи вебсайти “Диссернет” баъди соли 2018 ҷанҷолбарангез шудааст. Исми бисёр олимону мақомдорони баландпояи амалкунанда дар Тоҷикистон, ки унвонҳои номзади илму докториро бар асоси матнҳои нусхабардоришуда аз корҳои илмии донишмандони дигар, аксар донишмандони рус гирифтанд, ошкор шуд. Бисёре аз муаллифон дар баробари иттиҳоми асардуздӣ сукутро пеша карданд. Теъдоди хурде гуфтанд, ки дар ҳаққи онҳо туҳмат шудааст.

Тоҷикистон ҳашт сол пеш Шӯрои олии диссертатсионии худро таъсис дод, ки ҷудо аз ВАК ё Кумисюни олии аттестатсионии Русия рисолаҳои илмии олимони тоҷикро арзёбӣ ва ба онҳо унвонҳои илмӣ медиҳад. Дар ин муддат бештар аз 1600 нафар дорои унвони илмӣ гаштаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG