Дар чанд ҷумла
Ду зодаи Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ ба дуздӣ гумонбар шуданд
Полиси Кореяи Ҷанубӣ гуфтааст, дар як ҳодисаи ҳамла ба саррофхонаву дуздии миқдори калони пул, панҷ шаҳрванди Тоҷикистон метавонанд даст дошта бошад. Ҳоло полис аз боздошти ду нафари онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ хабар додааст.
Матбуоти Кореяи Ҷанубӣ 17-уми октябр бо такя ба полиси шаҳри Пхёнтхэки вилояти Кёнгидо навишт, дар Тоҷикистон як шаҳрванди 34-солаи ин кишвар бо гумони содир кардани ҷиноят дар қаламрави Корея боздошт шуд. Исми ин шахс нашр намешавад, вале ба навиштаи нашрияи "The Korea Herald", ҷиноят моҳи августи имсол рух додааст.
Нашрия навиштааст, 30-юми августи имсол ду шаҳрванди Тоҷикистон ба як нуқтаи саррофӣ дар шаҳри Пхёнтхэк ҳамла карда, дар маҷмӯъ 62 ҳазору 800 ҳазор доллари амрикоӣ пули нақдро бо доллар ва пули миллии Корея рабуданд. Ин мард 25-уми сентябр дар ватанаш Тоҷикистон боздошт шудааст, гуфтааст пулиси Корея.
Дар тафсилоти ҳодиса гуфта мешавад, ки ду мард ба саррофзани 60-сола бо силоҳ таҳдид карда, пулҳоро дуздида ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Дар маҷмӯъ ҳангоми фирор ин ду нафар аз се мошин истифода кардаанд ва яке аз ин мошинҳо дуздӣ будааст. Як гумонбари 34-сола чор соат баъд бо билети аз пеш харидашудаи ҳавопаймо ба Тоҷикистон парвоз карда гумонбари дигар - ҳамчунин як шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон рӯзи баъдаш 31-уми август дар Фурудгоҳи байналмилалии Инчхон аз ҷониби полиси Кореяи Ҷанубӣ боздошт шуданд.
Дар хабар омадааст, ки марди дар Тоҷикистон боздоштшуда, дар ватанаш муҳокима мешавад, чунки ҳанӯз миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ созишномаи истирдоди гумонбарон дар ҷиноят имзо нашудааст. Полиси Пхёнтхэк гуфтааст, барои таҳқиқи ин ҷиноят бо полиси Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард.
Парвандаи шарики ҷиноятии ӯ, ки дар Корея боздошт шудааст, бо иттиҳоми “дуздии вижа” ба додгоҳ фиристода шудааст.
Полиси Корея ҳоло се гумонбари дигари шарики ин ҷиноятро ҷустуҷӯ дорад, ки ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Кореяи Ҷанубӣ дар Осиёи Шарқӣ ҷойгир аст ва аз давлатҳои пешрафтаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон бо ин кишвар аз соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор кардааст, вале рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар танҳо солҳои охир фаъолтар шуд. Шумори тоҷикистониҳои ҷӯёи кор дар ин кишвар дар ҳудуди 5 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо раводид метавонанд ба Кореяи Ҷанубӣ сафар кунанд. Вале бархе зодагони Тоҷикистон талош мекунанд ба шиносномаи Русия вориди Корея шаванд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Боздошти ҳафт хориҷӣ, аз ҷумла ду амрикоӣ, дар Венесуэла
Дар Венесуэла ҳафт хориҷӣ, аз ҷумла ду амрикоӣ ва се украиниро бо гумони тарҳрезии таркишҳо ва суиқасд ба ҷони сиёсатмадорони ин кишвар дастгир кардаанд.
Ба навиштаи "El Universal", президенти Венесуэла Николас Мадуро мухолифонро ба омодагӣ ба ҳамла гунаҳкор кард.
Мадуро рӯзи 7-уми январ, се рӯз пеш аз маросими савгандёкунияш дар ин бора изҳорот дод.
Интихоботи президентӣ дар Венесуэла моҳи июли соли 2024 гузашт.
Мақомот Николас Мадуроро баранда эълон карданд. Мухолифон мегӯянд, ӯ рақобатро ба номзади ягонаи онҳо, Эдмундо Гонсалес, бохтааст.
Гонсалес дар Исапания паноҳандагии сиёсӣ гирифта, аммо дар оғози моҳи декабр гуфт, ки ба зудӣ дар пойтахти Венесуэла мешавад ва ҳамчун раисҷумҳур савганд ёд хоҳад кард.
Ба иттилои Николас Мадуро, дар моҳҳои ноябр ва декабри соли 2024 дар Венесуэла 125 "зархариди хориҷӣ" дастгир карда шудаанд, аммо тафсилот надод.
Эъдоми садҳо кас дар соли 2024 дар Эрон
Мақомоти Эрон дар соли 2024 дастикам 901 нафар, аз ҷумла беш аз сӣ занро эъдом кардаанд.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ин омори баландтарин дар нуҳ соли охир дар Ҷумҳурии Исломист.
Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ рӯзи 7-уми январ дар гузорише гуфт, танҳо дар як ҳафтаи охири моҳи декабр қатли тақрибан 40 кас сабт шуд.
Волкер Турк вазъро “бисёр ташвишовар” хонд ва афзуд, “замоне фаро расид, ки Эрон мавҷи ҳамеша афзояндаи қатлҳоро боздорад.”
Аз ин пеш Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мақомоти Эронро танқид кард, ки аз ҳукми эъдом (қатл) ба унвони абзоре барои тарсондан ва саркӯби камшуморон ё ақаллияти қавмӣ, мухолифони сиёсӣ ва хориҷиҳо истифода мебарад.
Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон
Сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ниҳоӣ кардани масъалаи марз, ҳамлу нақл ва ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Мулоқоти Қоҳир Расулзода, Одилбек Қосималиев ва Абдулло Орифов рӯзи 8-уми январ дар нуқтаи пайванди марзҳои давлатии се кишвар сурат гирифт. Ҷое, ки Суғди Тоҷикистон, Бодканди Қирғизистон ва Фарғонаи Узбекистонро бо ҳам мепайвандад.
Қирғизистон солҳо боз бо Тоҷикистон ва Узбекистон дар робита ба таъйину нишонагузории сарҳад баҳс дорад.
Бишкек ва Тошканд то кунун раванди таъйини марзи муштаракро анҷом додаанд.
Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 4-уми декабри соли 2024 марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳадро ба поён расонданд.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, гуфт, ҳуҷҷатҳои марбут ба марзнигорӣ моҳи январ ба порлумон ворид ва он гоҳ ҷузъиёти созишнома маълум хоҳад шуд.
Сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон гуфтаанд, мулоқоти рӯзи чоршанбе "тақдири минтақаро барои даҳсолаҳои оянда муайян мекунад".
"30 ҳазор кас кӯчонда шуд". Сӯхтор дар маҳаллаи сарватмандони Лос Анҷелес
Сӯхтор дар як маҳаллаи сарватмандон дар Лос Анҷелес хонаҳоро вайрон карда, сабаби танбашавии зиёд дар роҳҳо гардид.
Ҳодиса рӯзи 7-уми январ рух дод.
Сӣ ҳазор кас аз зери дуди азиме, ки як қисми зиёди шаҳрро печонда буд, ба ҷойи амн кӯчонда шуданд.
Ба иттилои мақомот, қариб се ҳазор ҳектар майдони Пасифик Палисейдс, маҳалле дар байни Санта Моника ва Малибу оташ гирифт.
Питер, яке аз сокинон, гуфт, "фикр кардам, ки бояд ин ҷоро тарк кунам. Ҳар чизе, ки аз даст рафт, рафт. Дигар коре карда наметавонам."
Оташнишонҳо талош карданд, ки сӯхторро хомӯш кунанд. Ҳавопаймоҳо аз Уқёнуси Ором об оварданд.
Волии Калифорния аз сокинон хост, ки дастурҳоро дар бораи кӯчидан риоя кунанд ва ҳушдор дод, ки дар натиҷаи боди сахт мумкин аст сӯхтори бештар сар занад.
Бодҳои сахту хушки ғарбӣ аксаран дар фасли тирамоҳ сар мезананд, аммо ин ҳодиса дар Калифорнияи Ҷанубӣ ҳар фасли сол метавонад ба вуқуъ ояд.
Ҷойи нигаҳдории Гулнора Каримоваро дигар кардаанд
Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро аз зиндони занонаи Зангиота ба колонияи сукунатӣ ё маҳбаси низомаш нармтар кӯчондаанд.
Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми январ бо такя ба чанд манбааш дар ин бора хабар дод.
Қарор рӯзи 19-уми декабри соли 2024 бо дархости маъмурияти зиндон содир шудааст. Масъулони маҳбас гуфтаанд, ки Каримова сеяки давраи ҷазоро адо кард.
"Гулнора Каримова бо панҷ-шаш ҷомадон хушҳолона аз зиндон рафт. Ҳангоми хайрухуш маҳбусонеро, ки дар солҳои охир ба одамони наздикаш табдил шуда буданд, ба оғӯш гирифт," – гуфтааст яке аз маъмурони зиндон.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ, раёсати зиндонҳо ва идораи Омбудсмени Узбекистон хабари ба колонияи сукунатӣ гузарондани Гулнора Каримоваро на тасдиқ ва на рад карданд.
Гулнора Каримова дар замони президентии падараш, Ислом Каримов, соҳиби мансабҳои баланди дипломатӣ шуда, сарвати зиёд ба даст овардааст. Ҳамчунин бо тахаллуси Гугуша овозхонӣ мекард ва ба тарроҳӣ машғул буд.
Соли 2013 ба зидди ӯ бо иттиҳоми ғорати пул ва саркашӣ аз пардохти молиёт (андоз) парванда кушода, дертар панҷ сол аз озодӣ маҳрум карданд.
Бори дувум, соли 2020, бо айби "ғорати маблағҳои буҷа ва бастани шартномаҳо бар зарари Узбекистон, инчунин, аз худ кардани амволи дигарон бо тамаъҷӯӣ" ӯро ба 13 солу 4 моҳи дигар маҳкум карданд.
Аз баҳори соли 2019 дар зиндони занонаи Зангиота буд.
Нурулло Алиев дар UFC бо размикори амрикоӣ рақобат мекунад
Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти "UFC Vegas 101" шаби 12-уми январ дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА муқобили Ҷо Солекии амрикоӣ рақобат мекунад.
Нурулло Алиеви 25-сола аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (Ultimate Fighting Championship) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар 9 қувваозмоӣ дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст. Қадаш 1,78 метр, вазнаш сабук (70 кг) аст.
Рақиби размикори тоҷик Ҷо Солекии 31-сола аз 18 рақобати худ дар 13-тоаш пирӯз шуда, 5-тоашро бохтааст. Қадаш 1,75 метр, вазнаш 70 кг мебошад.
Нурулло Алиев дар аввалин рақобаташ дар мусобиқоти "UFC Vegas 70" моҳи феврали соли 2023 дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА Рафаэл Алвеси бразилиро шикаст дода буд.
Дар раунди аввал Алвес ба довар шикоят кард, ки Алиев ангушташро газидааст. Нурулло бо кам кардани як имтиёз муҷозот шуд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, размикори тоҷик дилпурона мубориза бурд, ӯ ҳам аз лиҳози ҷисмӣ пурқувват буд ва ҳам аз ҷиҳати маҳорат аз рақибаш камӣ надошт. Дар натиҷа Алиев ба Алвес бо тасмими доварон ғалаба кард (29-27, 29-27, 28-28).
Нурулло Алиев дар моҳи сентябри соли 2022 дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC ва AMC Fight Nights иштирок мекард.
Баъди муҳориба Нурулло Алиев ба Dana White's Contender Series – ташкилоте, ки ба ҷустуҷӯи размикорони боистеъдод барои бо UFC шартнома бастан машғул аст, гуфта буд, омода аст аллакай баъди як ҳафта дар мусобиқаи ин созмон иштирок намояд.
Алиев аз соли 2018 дар муҳорибаҳои размии омехта ширкат меварзад. Вай дар се қувваозмоии охирин дар вазни нимамиёна ҳунарнамоӣ мекард. Вале ӯ пеш аз рақобат дар силсилаи довталабони Dana White's Contender Series дар вазнкашӣ ба вазни сабук шомил шуд.
Нурулло Алиев барои чаҳор рақобат бо созмони UFC шартнома баст ва ваъда дод, ки баъди ду сол камарбанди қаҳрамониро хоҳад гирифт. "Ман дар назди худ мақсад гузоштаам, ки сарфи назар аз мушкилиҳо бояд ду сол пас қаҳрамони UFC шавам. Ё ҳадди ақал дар рӯйхати панҷ варзишгари беҳтарини ин ташкилот бошам, то ҳар замон UFC тавонад барои ман рақобати қаҳрамонӣ пешниҳод кунад", - гуфт Нурулло Алиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Нурулло Алиев, ки 16-уми октябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи панкратион мебошад. Алиев дар мусобиқоти UFC бо лақаби Tajik Eagle (Уқоби тоҷик) маъруф аст.
Ҳоло дар UFC Тоҷикистонро чаҳор размикор намояндагӣ мекунанд, ки се нафарашон ба наздикӣ рақобатҳои худро баргузор менамоянд.
Рӯзи 18-уми январ Муин Ғафуров (19-6, UFC 1-2) қувваозмоии навбатии худро бо Риня Накамураи шикастнопазири ҷопонӣ (9-0, UFC 3-0) анҷом медиҳад. Он дар мусобиқоти UFC 311 баргузор мешавад.
Муҳаммад Наимов (UFC 3-1, 11-3) 1-уми феврал дар мусобиқоти UFC Fight Night 250 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо намояндаи Австралия Каан Офли (UFC 0-1, 13-3-1) қувваозмоӣ мекунад. Танҳо Лоиқ Раҷабов то ҳол рақиби нав надорад.
Мавқеи размикорони тоҷик дар радабандии UFC чунин аст: Муҳаммад Наимов дар ҷойи 24-ум, Муин Ғафуров дар ҷойи 46-ум, Нурулло Алиев дар ҷойи 62-юм, Лоиқ Раҷабов дар ҷойи 69-ум.
Ҳабси як сокини 70-солаи Ҳамадонӣ бо гумони куштани ҳамсараш
Мирзошариф Раҳмонов, сокини ҳафтодсолаи ноҳияи Ҳамадониро, ки ба куштани ҳамсараш гумонзад аст, дар охири моҳи декабри 2024 аз бемористон ба боздоштгоҳ бурдаанд.
Ӯ дар миёнаи моҳи ноябр ҳамсараш Сарагул Ояҳмадоваро бо корд ба қатл расонда, талош кардааст, худро низ бикушад, аммо наҷот дода шуд. Тақрибан якуним моҳ дар бемористон муолиҷа гирифт.
"Пизишкон вайро ҷарроҳӣ карданд. То охири моҳи декабр зери назорат буд. Баъд аз сиҳат шудан ба Боздоштгоҳ интиқол доданд," – гуфт як манбаи огоҳ рӯзи 6-уми январ.
Ба зидди Мирзошариф Раҳмонов бо иттиҳоми одамкушӣ (банди 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) парванда кушодаанд. Ба вай солҳои дарози зиндон таҳдид мекунад.
Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб рӯзи 6-уми январ гуфт, Мирзошариф Раҳмонов пайваста бо ҳамсараш ҷанҷол мекард. "Шаби 16-уми ноябр ба хона маст омада, бо корд ӯро задааст," – гуфт мусоҳиби мо.
Мавқеи шахси гумонзад ва наздиконаш ба ҳодиса ва ҳабси ӯ маълум нест.
Ҳомиёни ҳуқуқ ин парвандаро як намунаи дигари хушунат ба занон дар Тоҷикистон номиданд.
Се кишвари Осиёи Миёна масъалаи марзро баррасӣ мекунанд
Қарор аст, имрӯз, 8-уми январ Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон ва Абдулло Орипов, сарвазири Узбекистон мулоқот намуда, масъалаҳои марзӣ байни се кишварро баррасӣ кунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти сеҷониба дар нуқтаи пайванди марзҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор мегардад. Аммо мушаххас гуфта нашудааст, ки ин минтақа дар куҷо аст.
Гуфта мешавад, дар ин мулоқот созишномаҳое, ки қаблан байни президентҳои се кишвар дар робита ба масъалаҳои марзӣ мувофиқа шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки Қирғизистон солҳост бо Тоҷикистон ва Узбекистон дар робита ба аломатгузории марз, баҳс дорад.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ахиран дар як нишасти матбуотӣ гуфт, моҳи январ ҳуҷҷатҳои марбут ба аломатгузории сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ба парлумони ин кишвар ворид мешавад ва он гоҳ ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор мекунанд.
Боздошти як гурӯҳи қочоқбарон дар Душанбе бо 127 кг маводи мухаддир
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддир, хабар дод.
Бино ба наворе, ки Телеграм канали ин ниҳод пахш кардааст, аз дастгиршудагон ба миқдори 127 килограмм воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфту мусодира карда шуд.
Ҳамаи ин панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон буда, ба гуфтаи мақомот Шамсулло Ҳукуматов, марди 50-солаи сокини пойтахт, гурӯҳро роҳбарӣ мекардааст.
Ӯ дар суҳбат бо мақомот иқрор мешавад, ки маводи мухаддирро аз Афғонистон барояш интиқол додаанд. Ба гуфтаи мақомот, Шамсулло Ҳукуматов қаблан барои хариду фурӯши маводи мухаддир маҳкум шуда буд.
Маълум нест, ки ин навор дар чӣ шароите сабт шудааст.
Феълан ин гурӯҳи нашъаҷаллоб дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шудааст ва тафтишот идома дорад.
"Шермуҳаммади Шоҳиён ба тарки мақом омода мешавад"
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки ӯро аз шахсони мавриди эътимоди президент Эмомалӣ Раҳмон медонанд, то ду моҳи дигар аз мақомаш истеъфо хоҳад дод.
Ӯ дар руйхати ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ номзад ба вакили порлумон аст ва дар ҷойи аввал.
Як манбаи наздик ба Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 7-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Шоҳиён барои тарки мақом омодагӣ мебинад.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад, “Шоҳиён дар чанд ҷаласаи охир гуфт, супориш гирифтааст, ба кор дар порлумон гузарад”.
Шермуҳаммади Шоҳиён 63-сола аст ва аз соли 2015 то кунун раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон.
Ӯ дар интихоботи соли 2010 низ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда, як сол дар мақоми раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти порлумон кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2011 то соли 2015 раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд.
Дар гузашта дар мақоми муовини вазири адлия, мушовири давлатии президент ва раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон кор кардааст.
Барканорӣ ва таъйини раисони чор ноҳия дар Тоҷикистон
Раисони чор ноҳияро дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон аз мақом барканор ва ба ҷойи онҳо афроди навро таъйин карданд. Тағйирот рӯзи 7-уми январ сурат гирифт.
Бино ба фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, Фирӯза Шарифӣ аз мансаби иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак озод ва ба ҷойи ӯ Иброҳим Мирзозода таъйин шуд. Шарифӣ дар моҳи январи соли 2024 ба ин мақом расида буд.
Зарифхуҷа Шоҳиён, ки аз соли 2019 раиси ноҳияи Панҷ буд, дигар дар ин мақом нест. Ҷойи ӯро ба Акмал Иброҳимиён доданд.
Наҷмиддин Давлатзода дар курсии раиси ҳукумати ноҳияи Ванҷ Одинашо Мародзодаро иваз кард. Мародзода аз соли 2021 дар ин мақом кор мекард.
Додарҷон Ҷобирзода аз мансаби раиси ноҳияи Нуробод озод ва ба ҷояш Фатҳуддин Солеҳзода таъйин шуд.
Дар фармонҳо сабаби барканории ҳамаи онҳо “гузаштан ба кори дигар” гуфта шудааст, аммо маълум нест ба кадом вазифа.
Аз оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ҷараён дорад.
Бахтиёр Сафаров, сардори ширкати "Central Asia Consulting” дар Вашингтон, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "таъйиноти кадрие, ки солҳои дароз дар ҳукумати Тоҷикистон мушоҳида мекунем, бештар монанди намоишҳои театрӣ ҳастанд, на ислоҳоти воқеӣ."
Нерӯҳои Русия панҷ низомии асирафтодаи Украинаро куштаанд
Тарҳи Deep State ва Додситонии вилояти Донетски Украина нерӯҳои Русияро дар ду маврид ба куштани панҷ низомии асирафтодаи украинӣ муттаҳам карданд.
Ин ҳодисаҳо рӯзи 3-юми январ дар ду минтақаи вилояти Донетск сабт шудааст.
Deep State мегӯяд, нерӯҳои Русия дар деҳаи Нескучное дасти се сарбози таслимшудаи Украинаро баста, аз пушти сарашон паронданд.
Ба иттилои Додситонӣ, дар ҳамон рӯз низомиёни Русия дар ноҳияи Времевка ду сарбози украиниро ба асорат гирифта, сипас тир задаанд.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Украина Дмитрий Любинетс гуфт, дар ин бора ба Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх ва Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат кард.
"Ин созмонҳо бояд ба ҷониби Русия фишор оваранд, то ин гуна амалҳоро бас кунанд", - гуфт ӯ.
Любинетс дар аввали моҳи декабри 2024 гуфта буд, ки аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина (моҳи феврали соли 2022) то кунун 177 мавриди қатли асирони ҷангии украинӣ аз сӯи артиши Русия тасдиқ шудааст.
Мурофиаи навбатии Саркози. Ин дафъа дар пайванд ба Қаззофӣ
Муҳокимаи Николя Саркози, раисҷумҳури пешини Фаронса, рӯзи 6-уми январ дар шаҳри Порис (Париж) сар шудааст.
Ӯро ба муомилаи коррупсионӣ бо раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ дар миёнаҳои солҳои 2000-ум муттаҳам медонанд.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом, ба Саркози то даҳ сол зиндон таҳдид мекунад. Мурофиа се моҳ тӯл хоҳад кашид.
Муфаттишон гуфтаанд, Николя Саркози соли 2005 бо Қаззофӣ вориди муомила шуда, дар солҳои 2006-2007 аз ӯ на камтар аз 50 миллион доллар дарёфт ва дар маъракаи интихоботӣ истифода кард.
Дар иваз, ба гуфтаи онҳо, Фаронса аз режими Қаззофӣ, ки он замон таҳти фишори байнулмилалӣ монда буд, мадад расондааст.
Президенти собиқи Фаронса иттиҳомро напазируфта, ҳуҷҷатҳои пешниҳодии муфаттишонро қалбакӣ номид.
Ин мурофиаи севуми додгоҳии Николя Саркози аст. Сиёсатмадори 70-сола моҳи марти соли 2021 ба харид ва фурӯши нуфуз гунаҳкор дониста ва ба се соли зиндон маҳкум шуда буд. Ду соли он шартӣ буд.
Николя Саркози аз соли 2007 то соли 2012 раисҷумҳури Фаронса буд.
Конгресс пирӯзии Доналд Трампро дар интихобот тасдиқ кард
Конгресси Амрико рӯзи 6-уми январ пирӯзии Доналд Трампро дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2024 тасдиқ кард.
Ӯ ва муовинаш рӯзи 20-уми январ савганд хоҳанд хӯрд.
Тасдиқи натиҷаҳои интихобот дар Конгресс як раванди маъмулӣ дар Амрикост.
Аммо дар моҳи январи соли 2021, ҳангоми тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден, тарафдорони Доналд Трамп ба Конгресс ҳамла карда, бо пулис даргир шуданд.
Садҳо нафар, аз ҷумла 140 корманди полис ҷароҳат бардоштанд.
Теъдоди зиёди ҳамлаварон то ҳол дар зиндон ҳастанд, вале Доналд Трамп ваъда додааст, ки онҳоро афв хоҳад кард.
"Се духтарашро ба наздикон доданд, худашро дастгир карданд"
Шахсони наздик ба Фарҳод Неъматов (Негматов), як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, гуфтанд, ки ӯ баъди ронда шудан аз Шветсия дар Тоҷикистон дастгир шудааст.
Иттиҳоми зидди ӯ маълум нест.
Фарҳод Неъматов (Негматов)-ро бо се духтараш рӯзи 27-уми декабри соли 2024 аз Шветсия ихроҷ карданд. Ҳамсараш дар кишвари дигар қарор дорад ва берун аз Тоҷикистон аст.
Ин хонавода қаблан дар Украина қарор дошт ва баъд аз ҷанги бедалели Русия ба шаҳри Гётеборги Шветсия рафт. "Фарҳод Неъматов борҳо ба гирифтани ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ муроҷиат кард, вале посухи рад гирифт," – гуфт як нафари огоҳ аз қазия.
Яке аз наздиконаш рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомот дар Тоҷикистон се фарзанди Фарҳод Неъматовро ба пайвандонаш супурдаанд.
"Баъди бештар аз даҳ рӯз ба волидонаш хабар додаанд, ки ба дидани худаш ба шаҳри Душанбе биоянд. Онҳо аз Хистеварз (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба роҳ баромадаанд,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба далели амниятӣ номаш фош намешавад.
Вазорати корҳои дохилӣ ва ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон дар бораи боздошти Фарҳод Неъматов (Негматов) хабар надоданд. Номаш дар рӯйхати шахсони таҳти ҷустуҷӯ дар Тоҷикистон дида нашуд.
Баъзе аз ҳамсуҳбатони огоҳи Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомоти Тоҷикистон Фарҳод Неъматовро гуё ба ҳамкорӣ ва узвият дар “Ҳизби Таҳрир” айбдор медонанд. Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнуъст. Пайвандонаш ин фарзияро инкор карданд.
Фарҳод Одинаев, як фаъоли мухолифон, мегӯяд, Неъматов дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук, фаъол буд ва назари танқидӣ дошт. “Мақомоти Шветсия қабл аз ихроҷаш ба Тоҷикистон мебоист пайомади онро ба эътибор мегирифтанд,” – гуфт ӯ.
Дар саҳифаи Фарҳод Неъматов (Негматов) дар Фейсбук навору матнҳои зиёде дар бораи хилофату ҳукумати исломӣ низ нашру ташвиқ шудааст.
Фарҳод Неъматов (Негматов) зодаи деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ ҳамроҳи зану фарзандонаш соли 2019 аз Тоҷикистон ба Украина рафта буд.
Маълумот
Беш аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.
То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст.
Бо вуҷуди ҳушдорҳо аз эҳтимоли шиканҷаву ҳабс шуданаш дар Тоҷикистон, мақомоти Олмон фаъоли мухолифон Дилмурод Эргашевро моҳи октябри соли 2024 аз хоки ин кишвари аврупоӣ берун карданд. Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), ӯ дар Душанбе аст ва дар ҳабси пешакӣ.
Мақомоти Олмон дар моҳи ноябри соли 2023 Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе истирдод карданд. Қурбоналиев барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.
Мақомоти Олмон дар моҳи январи 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.
Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.
Оғози мурофиаи як тоҷикистонӣ дар Туркия
Дар шаҳри Истанбули Туркия мурофиаи парвандаи ҳамла ба калисои католикӣ, ки дар он шаҳрванди Тоҷикистон низ муттаҳам аст, оғоз гардид. Дар ин бора нашрияи "Ҷумҳурият"-и Туркия хабар медиҳад.
Амирҷон Холиқов, шаҳрванди Тоҷикистон ба он муттаҳам мешавад, ки рӯзи 28-уми январи соли гузашта ҳамроҳи як шаҳрванди Русия ба калисои католикҳо ҳамла карданд. Дар ин ҳамла як нафар кушта шуда буд.
Мақомот дар Туркия он замон гуфта буданд, ки ҳарду гумонбари ҳамларо боздошт карданд ва ба навиштаи расонаҳо, шаҳрванди Русия бевосита тир холӣ карда ва шаҳрванди Тоҷикистон натавонистааст силоҳро ба кор андозад.
Ба навиштаи рӯзномаи "Ҷумхурият", ҳарду ҳамлавар узви ДОИШ, созмони мамнуъ дар Тоҷикистон буданд. Ин созмон баъдан масъулияти он ҳамларо ба дӯш гирифт.
Ҳоло беш аз 50 нафар дастдоштагонро дар ин қазия ҳабси аз 7,5 сол то якумрӣ таҳдид мекунад.
Маҳдудияти кори муҳоҷирон дар як вилояти дигари Русия
Дар вилояти Воронежи Русия боз дар чанд соҳаи дигар, кор барои муҳоҷиронро манъ карданд.
Тавре расонаҳои русӣ дар ин бора менависанд, қарори манъи кори муҳоҷиронро Александр Гусев, раиси вилоят охири моҳи декабр имзо кардааст.
Бино ба ин қарор, муҳоҷирон дар ин вилоят дигар наметавонанд дар соҳаҳои боррасонӣ, маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва нигоҳубини беморон, фаъолият кунанд. Аз ин ба баъд, муҳоҷирон ҳақ доранд дар ин вилоят танҳо боркашонӣ кӯчарӯбӣ ва фаррошӣ кунанд.
Муҳоҷироне, ки ҳоло дар вазифаҳои барои онҳо манъшуда кор мекунанд, аз кор озод карда мешаванд ё бо дастури раиси вилоят ба "корҳои мувофиқ", гузаронида мешаванд.
Аз ин пештар дар Севастопол, Новосибирск, Тула, Камчатка ва мамнуиятҳои монанд дар вилоятҳои Калуга, минтақаи худмухтори Ханти-Мансийск, вилоятҳои Тюмен ва Калининград ҷорӣ шуда буд.
Сомонаи Meduza пештар аз қавли як манбаи наздик ба Кремл иқтибос оварда буд, ки "масъалаи зидди муҳоҷират воқеан ҳам ҳамчун абзори дур кардани таваҷҷуҳи ҷомеа аз мушкилоти дигар хуб кор мекунад".
Русия мизбони бештар аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик аст ва маҳдудиятҳои нав зиндагии ҳазорон нафари онҳоро, ки дар шаҳрҳои мухталифи Русия кору фаъолият доранд, сахттар хоҳад кард.
Артиши Украина ҳамла ба Курски Русияро тавсеа бахшидааст
Артиши Украина ҳамла ба вилояти Курски Русияро тавсеа бахшидааст.
Ба қавли коршиносон, ишғоли хоки Русия имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи Маскав аз ҳамла дида, ба ҳимоят аз қаламраваш ҷалб шавад.
Ҳамчунон, ба гуфти онҳо, пешрафт дар Курск мавқеи Украинаро дар музокироти эҳтимолии хатми ҷанг таҳким мебахшад.
Тибқи гузоришҳои расида, амалиёти Украина дар Курск 5-уми январ оғоз ёфта, ҳоло артиши ин кишвар ташаббуси тактикиро дар ихтиёр дорад.
Миқёси амалиёт ва дастоварди эҳтимолии он возеҳ нест.
Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, ба он ишора кардааст, ки ҳузури сарбозони украинӣ дар Курск мавқеи Украинаро дар музокироти сулҳи Маскаву Киев тақвият мебахшад.
Изҳороти Илҳом Алиев дар бораи "масъулияти намояндагони Русия"
Раисҷумҳури Озарбойҷон масъулияти суқути як ҳавопаймои кишварашро дар Қазоқистон "ба дӯши намояндагони Русия" гузошт.
Илҳом Алиев дар ин бора рӯзи 6-уми январ изҳорот дод.
Ҳавопаймои ширкати "Озарбойҷон Эйрланз", ки рӯзи 25-уми декабри соли 2024 аз Боку ба Грозний парвоз дошт, дар фазои Русия осеб дида, дар наздикии шаҳри Оқтау дар Қазоқистон афтод. 38 нафар ҷон бохта, 29 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Президенти Озарбойҷон муҷозоти онҳоеро талаб кард, ки "сабаби марги шаҳрвандони Озарбойҷон" гаштаанд.
"Мо адолат, муҷозоти гунаҳкорон ва шаффофияти комилро талаб дорем," -- гуфт ӯ.
Мақомоти Русия дар бораи сабабҳои тасодуф ва масъулияти онҳо дар ин ҳодиса чизе нагуфтаанд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 28-уми декабр аз ҳамтои озариаш Илҳом Алиев барои он ки ҳодисаи фоҷиабор дар қаламрави ҳавоии Русия рух додааст, узр пурсид.
Ду заминларза дар Тоҷикистон, дар наздикии Хоруғу Шаҳритус
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ки рӯзи 6-уми январ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ду заминларза сабт шуд.
Заминларзаи аввал соати 9:32 рух додааст. Марказаш 56-километрии ҷанубу шарқи Хоруғ (ВМКБ) ва дар ҳудуди Афғонистон.
Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шиддати заминларзаро дар маркази он 3 дараҷа ва дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ишкошим 2 дараҷа номид.
Заминларзаи дуюм соати 12:17 дар 68-километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон рӯй додааст.
Шиддати ин заминларза дар марказаш 3 дараҷа ва дар ноҳияи Шаҳритус 2 дараҷа арзёбӣ шуд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.
Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад. Бар асари заминларзаи моҳи марти соли 2023 садҳо кас дар Тоҷикистон зарар диданд.
Боздошти як низомии баландпоя дар Арманистон
Як низомии баландпояи Арманистонро дар робита ба ҷанги 44-рӯзаи ин кишвар бо Озарбойҷон дастгир кардаанд.
Ин ҷанг бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ аз 27-уми сентябр то 10-уми ноябри соли 2020 идома дошт.
Генерал Тиран Хачатрян, муовини собиқи раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, рӯзи 4-уми январи имсол боздошт шуд.
Вай ба он муттаҳам аст, ки дар ҷанги соли 2020 вазифаи хидматии худро иҷро накард. Дар ҳоле ки маҳз баъди ин ҷанг ба ӯ унвони қаҳрамони миллии Арманистон доданд.
Хачатрян иттиҳомро напазируфт. Вакилони мудофеаш рӯзи 5-уми январ парвандаи ӯро "интиқомгирӣ барои ақидаҳои сиёсияш" донистанд.
Нерӯҳои Озарбойҷон дар ҷанги соли 2020 як бахше аз Қаробоғи Кӯҳиро зери назорат гирифтанд. Ин минтақа дар даргирии соли 2023 пурра таҳти итоати Озарбойҷон даромад.
Тиран Хачатрян дар соли 2021 аз мансаб барканор шудааст. Ӯро дар соли 2024 бо гумони авбошӣ дастгир ва баъди ду моҳ бо пардохти пул ва шарти берун нарафтан аз ҷойи зист раҳо карда буданд.
"Истеъфо!" Эътирози ҳазорон кас дар пойтахти Черногория
Ҳазорон тан дар Подгоритса, пойтахти Черногория ё Монтенегро, истеъфои мансабдорони баландпояро талаб карданд.
Тазоҳурот рӯзи 5-уми январ гузашт.
Эътирозгарон вокуниши мақомоти Черногорияро ба тирпаронии маргбори рӯзи 1-уми январ нокифоя хонданд.
Дар ин ҳодиса дар шаҳри Тсетине 12 кас, аз ҷумла ду кӯдак, кушта шуданд. Тсетине бо тақрибан 13 ҳазор аҳолӣ дар 34-километрии ғарби пойтахти Черногория ҷойгир аст.
Аксар эътирозгарон шиори “Истеъфо”, “Дастони шумо хунолуд аст” ва “Қотилон”-ро дар даст доштанд.
Марко Вукчевич, яке аз норозиён, рӯзи 5-уми январ гуфт, “шаҳрвандони бегуноҳ кушта шуданд, Шумо натавонистед моро муҳофизат кунед, бояд фавран истеъфо диҳед.”
Тазоҳургарон махсусан истеъфои вазири корҳои дохилии Черногория Данило Саранович ва муовини сарвазири ин кишвар Алекса Бечичро талаб доштанд.
Футболбозони навраси тоҷик ба Туркия мераванд
Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар шаҳри Анталияи Туркия ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимию тамринӣ доир мекунад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ, ки дар Анталияи Туркия аз 8-ум то 24-уми январ баргузор мешавад, футболбозони навраси тоҷик панҷ бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳанӯз маълум нашудаанд.
Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳ 23-юми январ дар қуръакашии мусобиқот маълум мешаванд.
Футболбозони навраси тоҷик пеш аз иштирок дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2025», ки аз 15-ум то 21-уми феврал дар шаҳри Мински Беларус баргузор мегардад, ширкат меварзанд.
Дар ин мусобиқаи анъанавии байнулмилалӣ иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон дар назар аст.
Русия хабар дод, ки Кураховоро зери назорат гирифтааст
Вазорати дифои Русия рӯзи 6-уми январ иддао кард, ки шаҳри Кураховоро дар вилояти Донетски Украина "пурра зери назорат" гирифт.
Мақомоти Русия онро "минтақаи бузурги аҳолинишин дар қисмати ҷанубу ғарбии Донбасс" номидаанд.
То оғози ҷанги бедалели Русия дар Украина дар Курахово тақрибан 19 ҳазор кас мезист.
Тарҳи DeepState (тағйиротро дар хати ҷанг дар Украина назорат мекунад) эътироф кардааст, ки аксар гӯшаҳои Курахово таҳти назорати Русия аст.
Низомиёни Украина аз даст додани Кураховоро расман тасдиқ накардаанд.
Боздошти як зан, ки бо либоси милиса сокинонро озор медодааст
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз боздошти як ҷавонзан хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод, бо либосҳои милиса шабона оромии ҳамсоягонашро мунтазам халалдор мекардааст.
Ба навиштаи сомонаи ин ниҳод, шуморе аз сокинони пойтахт аз кори ин ҳамсояашон шикоят карда, аз мақомот талаб карданд, ки нисбаташ чора андешанд.
Милисаи Душанбе мегӯяд, ки дар натиҷаи санҷиш, Камила Икромзодаи 30- сола, сокини пойтахт дастгир шуд ва муайян гашт, ки ӯ дар асл корманди милиса набудааст.
"Ин кораш метавонад обрӯ ва нуфузи мақомоти милитсияро коста гардонад",-омадааст дар хабарномаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.
Назари Камила Икромзода ба ин қазия маълум нест. Ва низ маълум нест, ки чаро ӯ бо либоси милитсия ин корро анҷом додааст.