Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъҳо: нақшаи даъват ба артиши Тоҷикистон иҷро нашудааст


Дар ҳоле, ки Вазорати дифоъ аз иҷрои нақшаи даъват дар ҳама вилоятҳои кишвар ва шаҳри Душанбе гузориш дод, манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, нақшаи даъват дар чанд шаҳру ноҳия иҷро нашудааст.

Ду ҳамсуҳбати радиои Озодӣ дар комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон гуфтанд, ки мақомот натавонистаанд, нақшаи даъватро дар беш аз 15 шаҳру навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон ба иҷро расонанд.

Вазорати дифоъ рӯзи 1-уми декабр бо пахши хабарномае гуфт, “бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ, дар нахустин рӯзи даъват Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, чаҳор навоҳии пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.”

Вазорати дифоъ ҳар сол ҳисобот медод, ки чанд дар сад нақша иҷро шудааст, вале дар хабарномаи имсол оморе зикр нашудааст. Танҳо гуфта шуд, ки даъват поён ёфтааст, вале таъкид нашуда буд, ки он миқдоре, ки барои артиш сарбоз лозим аст, ҷалб шудааст, ё не. Бори ахир рӯзи 12-уми ноябри имсол яке аз намояндагони Вазорати дифоъ гуфта буд, нақшаи даъват ба хидмат дар артиш беш аз 81 дарсад иҷро шудааст. Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми декабр чанд маротиба ба дафтари матбуоти Вазорати дифоъ занг зад, вале касе аз он тараф гӯширо нагирифт.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҷаласаи вижае вазири мудофиа ба комисариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳие, ки нақшаро иҷро накардаанд, гуфтааст, ки нақшаи даъватро бояд то 15-уми декабр пурра ба анҷом расонанд. Назари Вазораи дифоъ ба ин маълумот алҳол дастрас нашудааст. Дар хабарномаи ахири Вазорат таъкид шуда буд, ки «даъвати ҷавонони синни хидмат барои омӯзиш ва омодагӣ давом мекунад.»

Даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябр оғоз шуд ва рӯзи 30-уми ноябр ба поён расид. Дар ин муддат шикоят аз ҳолатҳои маҷбуран бар артиш ҷалб кардани ҷавонони бемор ва бо шеваи гуногун зери фишор қарор додани наздикони ҷавонон тақрибан аз ҳама минтақаҳои кишвар ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Аз ҷумла сокинони як маҳалла дар ноҳияи Кушониён шикоят моҳи октябр шикоят карданд, ки мақомот бо талаби баргардондани фарзандонашон аз хориҷа ва фиристодани онҳо ба артиш сими барқи чанд хонаро бурида, ба дари масҷидҳо қуфл задаанд. Дар ҳукумати ноҳия изҳори бехабарӣ карданд. Ҳуқуқдонҳо рафтори мансабдорони маҳаллиро хилофи қонун донистанд. Мақомот пайваста таъкид мекунанд, ки облава ё даъвати зӯроварона ба артиш вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки аз таҳқиқи шикоятҳои даъвати иҷборӣ ё сарбозшикор хабар дода намешавад.

Ба поён расидан ё идома кардани даъватро беш аз ҳама ҷавононе мепурсанд, ки ҳоло дар Русия ба сар мебаранд ва хостори бозгашт ба Тоҷикистонанд. Дар давраи байни даъватҳои баҳорӣ ва тиирамоҳӣ ҳазорон ҷавони синни хидмати ҳарбӣ ба Русия сафар мекунанд, то ба хидмати ҳарбӣ бурда нашаванд. Имрӯзҳо онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бархе аз ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ аз фурудгоҳҳо рост ба кумисариатҳои ҳарбӣ бурда мешаванд.

XS
SM
MD
LG