Ширкати давлатии "Рушди миллӣ" бунёди тарҳи канали Қӯштеппаро пеш мебарад. Масъулони ин ширкат гуфтаанд, ки ин тарҳ бе кӯмаки мутахассисони хориҷӣ анҷом шудааст.
Дар маросиме, ки ба ин муносибат рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти Балх баргузор шуд, бисёре аз мақомҳои ҳукумати Толибон иштирок кардаанд.
Мақомоти Толибон дар ин маросим бештар доир ба паҳлуҳои иқтисодӣ ва кишоварзии канали Қӯштеппа суҳбат кардаанд. Онҳо ҳамчунин ба нигарониҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ишора намуданд.
Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раиси вазирони ҳукумати Толибон дар ин маросим гуфтааст, ки бунёди канали Қӯштеппа тарҳе барои эҷоди мушкил барои кишварҳои Осиёи Марказ нест, балки лоиҳае барои худкифоии Афғонистон аст.
Шермуҳаммад Аббос Станикзай, муовини вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ҳам дар ин маросим гуфтааст, ки Афғонистон танҳо ба андозае, ки ҳаққ дорад, аз дарёи Ому об мегирад ва ҳамсоягони шимолии он нигарони ин мавзӯъ набошанд.
"Ба кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон итминон медиҳем, ки Афғонистон аз оби дарёи Ому тавре истифода хоҳад кард, ки ба ҳуқуқи онҳо мудохила нашавад ва инҳо ташвиш дар ин бора надошта бошанд. Мо ба ҳар навъ гуфтугӯ ва нишастҳои дипломатӣ ва сиёсӣ дар ин маврид ҳозир ҳастем".
Мулло Яъқуб, вазири дифои ҳукумати Толибон низ дар ин маросим гуфтааст, обе, ки то канали Қӯштеппа дар дарёи Ому мерезад, камтар аз ҳаққи Афғонистон аст ва онҳо талош мекунанд, то аз оби Ому ба андозаи ҳиссаи Афғонистон истифода кунанд.
Қабл аз ин Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон гуфта буд, ки ҳеҷ тавзеҳе дар бораи бунёди ин канал ба кишварҳои Осиёи Миёна дода нашудааст ва ин мавзуъ мояи нигаронӣ аст.
Вай моҳи сентябр дар Душанбе дар нишасти сарони кишварҳои ҳавзаи Баҳри Арал хостори ташкили як гурӯҳи муштарак барои баррасии масоили бунёди канали Қӯштеппа шуда буд.
Аммо ҳукумати Толибон дар он замон ҳам гуфта буд, ки онҳо фақат аз оби дарёи Ому ончиро, ки ҳиссаи Афғонистон аст, ба самти ин кишвар мегардонанд.
Дар ҳамин ҳол, бархе нозирон ва сокинон нисбат ба интиқоли "афроди ғайримаҳаллӣ" ба заминҳои атрофи канали Қӯштеппа ва барномаи эҳтимолии Толибон барои тағйири аҳолии минтақа суҳбат ва изҳори нигаронӣ мекунанд.
Аз ҷумла, чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин хабарҳо нашр шуд, ки ҳукумати Толибон паноҳандагони покистонӣ ва аъзои гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистонро дар ин минтақа ҷобаҷо кардааст. Мақомоти Толибон дар ин бора шарҳе ироа накардаанд.
Ба иттилои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, тарҳи канали Қӯштеппа дар даҳаи ҳафтодуми асри гузашта ва дар замони раҳбарии Муҳаммад Довудхон, аввалин раиси ҷумҳури Афғонистон тарроҳӣ шуд ва ин нақша дар соли 2018 дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ такмил шуд. Бо ба қудрат расидани Толибон, онҳо барои бунёди ин канал аз будҷа 100 миллион доллар ҷудо карданд ва кори амалии он дар моҳи марти соли 2022 оғоз шуд.
Аз тариқи ин канал солона 10 миллиард метри мукааб об ба Афғонистон сарозер хоҳад шуд. Бар асоси маълумоти ҳукумати Толибон, канали Қӯштеппа дар вулусволӣ ё ноҳияи Калдор оғоз шуда, аз даштҳои Ҳайратон мегузарад ва ба ноҳияи Давлатободи Балх мерасад. Ин канал 280 километр дарозӣ ва 8,5 метр чуқурӣ дошта, зарфияти обёрии ҳудуди 500 ҳазор гектар замин дар вилоятҳои Балх, Ҷузҷон ва Форёбро дорад.
Гуфтугӯ