Шоми 3-юми октябр Давлат Болтаев дар мусобиқаи мардон дар вазни то 92 кило дар даври ниҳоӣ Ҳан Ҳуеженро аз Чин шикаст дод ва медали тилло ба даст овард.
Болтаев дар рақобати аввалини худ бар Арслонбек Очилов аз Туркманистон дар раунди дувум бо нокаут пирӯз шуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ Эркин Одилбек Уулуро аз Қирғизистон шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар нимфинал бар Ҷаеминг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омад ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 гардид.
Муштзани дигари тоҷик Миҷгона Самадова, ки дар мусобиқаи занон дар вазни то 57 кило ба нимфинал баромадааст, рӯзи 4-уми октябр бо Карина Иброҳимова аз Қазоқистон рақобат мекунад. Самадова, ки аввалин шуда дар байни варзишгарони тоҷик соҳиби роҳхати олимпӣ гардидааст, дар Бозиҳои осиёии Ҳангжоу -2022 дасти кам бо нишони биринҷӣ сарфароз мешавад.
Ба ин тартиб, аз шаш медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо сетоаш ба риштаи ҷудо, дутоаш ба кураш ва якто ба бокс марбут аст.
Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали тилло ба даст оварда буд. Темур Раҳимов дар вазни +100 кило медали нуқра гирифт. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ шуд. Хайрандеш Муродзода дар риштаи кураш дар вазни то 66 кило ва Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Давлат Болтаев дар риштаи бокс соҳиби медали тилло гардид.
Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон бо касби 6 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар байни 36 кишваре, ки дар ин бозиҳо медал гирифтаанд, аз рӯи сифати нишонҳо дар ҷои 19-ум ва аз рӯи теъдоди умумии медалҳо дар ҷои 20-ум қарор дорад.
Дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин то рӯзи 8-уми октябр идома меёбад, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон беш аз 100 варзишгар дохил аст.
Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар 18 намуд ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин бо қарори шаҳрдори Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандаи медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷраӣ, медали нуқра – дуҳуҷраӣ ва медали биринҷӣ манзили якутоқа тақдим мегардад.
Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шурӯъ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ҳоло 33 медал гирифтааст, ки 6-тоаш нишони тилло, 7-тоаш нуқра ва 20-тоаш биринҷӣ мебошад. Аз панҷ медали тилло сетоашро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ, дутоашро Ҷаҳон Қурбонов ва Давлат Болтаев дар бокс ва як ададро Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо ба даст овардаанд.
Гуфтугӯ