Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон "рӯйхати шахсони номатлуб"-ро тасдиқ кард


Ойбек Смадияров
Ойбек Смадияров

Ойбек Смадияров, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, вуҷуди рӯйхати "шахсони номатлуб"-ро дар ин кишвар тасдиқ кард. Вай гуфт, онҳое ба рӯйхат дохил мешаванд, ки нисбат ба Қазоқистон бадгӯӣ мекунанд.

"Албатта, чунин рӯйхат дорем. Рӯйхати корӣ аст. Онро нашр нахоҳем кард. Теъдоди афродеро, ки ба рӯйхат шомил шудаанд, эълом карда наметавонам," – афзуд Смадияров дар нишасти хабарие дар вазорат.

Ӯ илова кард, онҳое, ки ба рӯйхат шомил мешаванд, аз ҳаққи даромадан ба ҳудуди Қазоқистон маҳрум ҳастанд.

Смадияров дар моҳи майи соли 2022 хабар дода буд, ки Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Тигран Кеосаян, ровии телевизиони Русия ва шавҳари муҳаррири "Россия Сегодня" Маргарита Симонянро "барои ҳарфҳояш нисбат ба Қазоқистон ва қазоқҳо" "персона нон грата" эълон хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG