Мухолифон ва фаъолони Осиёи Марказӣ дар хориҷ 29-уми сентябр, дар рӯзи вохӯрии сарони кишварҳои ин минтақа бо президенти Олмон ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд.
Онҳо, ки дар назди қароргоҳи президенти Олмон дар шаҳри Берлин ҷамъ шуданд, аз раҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ талаб карданд, то дар давр задани таҳримҳо ба Русия кумак накунанд.
Ҳамчунин хоста шудааст, ки "таҷовузи низомии Русия алайҳи Украина ба таври оммавӣ маҳкум ва таблиғоти Кремл дар ин панҷ кишвар саркӯб карда шавад".
Эътирозгарон аз раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Туркманистон беҳбуди озодии баён, таъмини амнияти рӯзноманигорон ва қатъи таъқиби одамон бо ангезаҳои сиёсиро талаб карда ва ҳамчунин хостаанд, ки аҳзоби мухолифро ҳам ба интихоботҳо роҳ диҳанд.
Вохӯрии президенти Олмон бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ имрӯз, 29-уми сентябр баргузор мешавад.